Интизории ширин. Дасти муборак ва бобаракати Пешвои миллат чархи аввали НБО-и «Роғун»-ро ба кор медарорад, — шарҳи матбуоти даврӣ

Ноябрь 15, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. То ба истифодадиҳии чархи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» соатҳои башумор боқӣ мондаанд. Маводи меҳварии матбуоти даврии Тоҷикистон ба ҳамин ҳодисаи фаромӯшнашавандаи таърихӣ бахшида шудаанд.

Нашрияи «Ҷумҳурият» (№220, аз 13 ноябри 2018)  мақолаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Абдулло Ҳабибуллоро бо пешгуфтори зерин нашр кардааст: «Мо ҳама дар як ҳолати ҳаяҷонангез қарор дорем ва бо интизории ширин рӯзшуморӣ мекунем, то 16 ноябр – рӯзи ба гардиш даромадани чархи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» бирасад. То аз шабакаҳои телевизионӣ ба лаҳзаҳои таърихии бо дасти мубораку бобаракати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор даровардани чархи аввали Роғунро бубинем ва худро дар марҳалаи ҳассоси давлатсозии навини тоҷикон шарик донем». Ба андешаи муаллифи мақола, НБО-и «Роғун» бо он сабаб иншооти аср номида шудааст, ки он дар баробари бахшидани нуру гармӣ, фароҳам овардани шароити хуби маишии мардумони шаҳру деҳот, коргирии шабонарӯзии неруи барқ дар хонадон ва коргоҳҳо, садҳо ҳазорон гектар заминҳои лалмӣ обёрӣ хоҳанд гашт, корхонаҳои тавлидотӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бунёд гардида, Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил меёбад. Ин дар амал татбиқ намудани стратегияи миллии бо ҷойи корӣ пурра таъмин намудани аҳолӣ ва ба ин васила барҳам додани табақаи камбизоат мебошад.

Дар идомаи мавзӯъ нависанда Маҷид Салим таассуроти худро аз ҷараёни корҳои сохтмони дар иншооти аср навиштааст: «Шаҳраки бинокорон, биноҳои муҳташам ва нақбу таҷҳизоти азим бо шукӯҳ ва ҷалол ба назар расида, равуои нақлиёти бешумор лаҳзае қатъ намегардад. Атроф пур аз техникаю садои ғурриши механизмҳои муқтадир аст. Ин ҷо касе бекор нест». Коргари муқаррарии НБО-и «Роғун» Аъзам Қаландаров зимни суҳбат ба нависанда изҳор мекунад: «Дар ҷавониям коргари одии Неругоҳи барқи обии «Норак» будам. Он айём Норак калонтарин неругоҳ маҳсуб меёфт. Вале он солҳо коргарон, мутахассисони тоҷик кам буданд. Дар Норак коргарон аз мардуми ҳар халқу миллат буданд, ин ҷо, дар Роғун аксар мардуми маҳаллӣ, шаҳрвандони кишвар мебошанд. Худо ба мо чунин Сарвари оқилу доно доду  маҳз бо ибтикори ӯ сохтмони неругоҳи «Роғун» аз нав оғоз ёфт». Воқеан ҳам ҳар як коргари одии НБО-и «Роғун» азму ирода ва нангу номуси бузурги ватандорӣ дорад, — хулоса кардааст М.Салим.

Зимнан бояд гуфт, ки дарёи Вахш бузургтарин дарёи нурофар аст. Дарозии Вахш 386 километр буда, дар қатори дарёҳои Енисей, Нил, Ангара, Норин бузургтарин тавлидкунандаи барқ дар олам ба шумор меравад.

Нашрияи парлумонӣ «Садои мардум» (№136, аз 13 ноябри 2018) бо сарлавҳаи «НБО-и «Роғун» омили калидии мубориза бо терроризм» маводи таҳлилӣ нашр кардааст. Муаллифи мақола Д. Мерганов навиштааст: «Яке аз шореҳони машҳури ИМА дар бахши иқтисод Хиллари Креймер бо нашри матлаби таҳлилӣ дар маҷаллаи бонуфузи «Forbes» татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро аз ҷумлаи тадбирандешиҳои муҳим ва саривақтӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм номида буд. Ба қавли номбурда, ин лоиҳа «калиди пешрафти иқтисодию сиёсии минтақа, рукни хеле муҳими таъмини манфиатҳои амнияти ИМА ва эътилофи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар бахши мубориза бо терроризм маҳсуб меёбад». Ба андешаи Хиллари Креймер, «ин калид дар дасти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аст, ки айни замон баҳри раҳойии хеш аз буҳрони энергетикӣ талош дорад ин неругоҳро  бунёд намояд». Хонум Креймер дурнамои вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тонро пас аз хурӯҷи неруҳои эътилофи Атлантикаи Шимолӣ осебпазир арзёбӣ намуда, ягона роҳи пешгирӣ аз бозгашти «Толибон» ба сари қудратро ба рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби сармоягузорию соҳибкорӣ дар ин кишвари ҷангзада марбут донистааст. Расидан ба ин ҳадафҳо бидуни манбаъҳои арзон ва безарари энергетикӣ ғайриимкон аст. Ба андешаи мавсуф, «аз хурдтарин тиҷорати оилавӣ то бузургтарин корпоратсияҳои байналмилалӣ ва кулли таҷҳизоту технологияи муосир бидуни истифодаи неруи барқ фаъолияти муназзаму самаранок карда наметавонанд». Ба ифодаи дигар, дар шароити кунунӣ неруи барқ дар пешрафти ҷомеа «шабеҳи хун дар бадани инсон аст». Номбурда саҳми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ба дил ташбеҳ дода, навиштааст, ки «бо мавриди истифода қарор гирифтанаш ин неругоҳ на танҳо Тоҷикис­тони ба неруи барқ сахт эҳтиёҷмандро, балки дигар кишварҳои минтақа: Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон ва баъзе вилоятҳои Қирғизистону Ӯзбекис­тонро бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ безарар таъмин менамояд». Ба ақидаи Хиллари Креймер, роҳбарони давлатҳои минтақа, ки дар заминаи таҳлили амиқу доманадор моҳият ва манфиати бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дарк намудаанд, ҷонибдориашонро аз бунёди ин иншоот бо шаклҳои гуногун изҳор доштаанд.

Нашрияи «Народная газета» (№46, аз 14 ноябри 2018) мусоҳиба бо мутахассиси шинохтаи соҳаи энергетика Рафиқа Мусоеваро бо сарлавҳаи «Пешвои миллат ба сохтмони аср умри дубора бахшид» чоп кардааст. Ба андешаи Р.Мусоева, сохтмони НБО-и «Роғун» вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат буд, ки аз иҷрои ин рисолати таърихӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат сарбаландона баромадааст. Сохтмони ин иншооти беназир на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ дошта, он боиси рушди бесобиқаи тамоми соҳаҳои дигари зиндагонӣ мегардад. Нашрия ҳамчунин андешаҳои файласуф Рустам Ҳайдаровро дар мавриди ба кор андохтани чархи аввали НБО-и «Роғун» пешкаши хонандагон кардааст. «Ба кор даровардани чархи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳодисаи ягонаи таърихӣ барои тамоми Осиёи Марказӣ мегардад, аз ин ҳодиса ба баъд давраи дигари рушди бемайлони иқтисоду саноати кишварҳои минтақа шурӯъ мегардад».

Шумораи идонаи нашрияи «Халқ овози» (№46, аз 15 ноябр) низ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати аввали НБО-и «Роғун» мақолаҳои ҷолибу хонданиро пешкаши хонандагони ӯзбекзабони мамлакат карда, ғазалҳои шоир Ниҳонӣ дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва ҳикояи Нависандаи халқии Ӯзбекистон Шукур Холмирзоевро бо номи «Кӯнгил» (Дил) чоп кардааст.

Ноябрь 15, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар