«Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» -таҳти ин унвон дар Шаҳринав озмун баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳти ин унвон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмуни фарҳангию маърифатӣ гузаронида мешавад, ки ин навбат озмуни мазкур дар ноҳияи Шаҳринав доир гардид.
Дар озмуни мазкур сардори РАҲШ Саодатбибӣ Сироҷзода иброз дошт, ки ин тадбир аз ҷониби Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пиёда сохтани ҳадафҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар самти мустаҳкамии оилаҳо рӯи даст гирифта шудааст. Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҳамчун ташаббускори асосии озмуни мазкур талош дорад, ки бо баргузории ин гуна озмунҳо дар самти пойдории оилаҳо нақши арзанда гузорад.
С.Сироҷзода ҳамчунин зикр кард, ки ташкили оилаи солиму намунавӣ аз тарбияи фарзанд вобастагии зиёд дошта, дар ин масъала ҷомеаро зарур аст, ки масъулияти бештар зоҳир намоянд. Зеро танҳо дар заминаи тарбияи дурусти фарзандон ва омода кардани онҳо ба зиндагии мустақилона метавон ба ташкили оила ва ҷомеаи солим даст ёфт.
Дар тақвияти ҳамин гуфтаҳо, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав ва раиси Суди ноҳияи мазкур иброз намуданд, ки бо иштироки ҷавонон, навхонадорон ва пирони рӯзгордида баргузор кардани чунин озмунҳо муфид мебошад. Зеро маҳз ба ҳамин васила метавон мушкилоти ҷойдошта, ки дар пойдории оилаҳо халал мерасонад, пайдо ва ба он расидагӣ кард.
Инчунин масъулин дар масъалаи тартиби аз қайди давлатӣ гузаштани оилаҳои навбунёд ба иштирокдорон маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд.
Тибқи Низомномаи озмун, аз ҷониби дастандаркорон ба 20 навзод шаҳодатномаи таваллуд ва ба чанд ҷуфти дигари ҷавон, ки акнун ба зиндагии мустақилона кадам гузоштаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ақди никоҳ супорида шуд.
Пас аз қисмати якуми чорабинӣ роҳбарият ва намояндагони РАҲШ бо фаъолияти САҲШ -и ноҳияи Шаҳринав дидан карданд. Дар ин ҷо нахуст иштирокчиён аз озмуни «Беҳтарин ҳусни хат», ки дар заминаи озмуни «Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор мегардад, дидан карданд.
Бояд зикр намуд, ки мақсад аз баргузории ин озмун баланд бардоштани нақши оила ва маърифати касбии кормандони мақомоти САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, бедор намудани худшиносиву худогоҳӣ ва масъулиятшиносӣ дар фаъолияти кормандони мақомоти САҲШ ва беҳдошти идоракунии соҳа, зебопарастӣ дар мақоми корӣ, ороишоти бино ва ҳуҷраҳои кории шуъба ва бахшҳои САҲШ, омӯзиш ва азбар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳа ва фарҳанги ниёгон, вусъат бахшидан ба ташкили бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дуруст, хоно, равшан ва зебо хонапурӣ кардани ҳуҷҷатҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷиҳати татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ мебошад.
Чорабинӣ бо намоши ҳунарҳои миллӣ ҷараён гирифт. Ҳунармандони тамоми ҷамоату деҳоти ноҳия маҳсули дасти худро ба маъраз гузоштанд. Масъулин изҳор доштанд, ки ҳунару ҳунармандии занон барои уставории олиаҳо заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар охир аз ҷониби санъаткорони ноҳияи мазкур барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардида, инчунин ҳунармандон саҳнаи ҷолиби тарбиявиеро бахшида ба оила ва оиладорӣ ба намоиш гузоштанд.


















РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






