НБО «Роғун» барои электриконидани роҳи оҳан ва истифодаи васеи мошинҳои бо барқ ҳаракаткунанда имконият фароҳам меорад

Ноябрь 17, 2018 10:12

ДУШАНБЕ, 17.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Бунёди НБО «Роғун» на танҳо ба халқи тоҷик рӯшноӣ медиҳад, балки барои беҳтар шудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад. Бо ба истифода додани чархаҳои он дар Тоҷикистон имкониятҳои васеъ, аз ҷумла   ворид гардидани  сармояи азими хориҷӣ, бунёди корхонаҳои бузурги коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва корхонаҳои азими саноатӣ, роҳандозии корхонаҳои ҳозиразамони коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва дар ин замина бунёди ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди соҳаи комплекси агросаноатӣ, равнақу ривоҷ ёфтани шаҳрсозӣ ва туризми байналмилалӣ, электриконидани роҳи оҳан ва истифодаи васеи мошинҳои бо барқ ҳаракаткунанда фароҳам омада, даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ муҳайё мешаванд»,-изҳор дошт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Маҳмадамин ОЙМАҲМАДОВ. Матни пурраи суханони ӯ дар зер оварда мешавад.

Бунёди ин иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат таҳти роҳнамоӣ ва назорати бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.

Неруи пурраи барқии НБО-и «Роғун» дар як сол  17,1 миллиард киловатт- соат барқро ташкил дода, Тоҷикистонро ба рӯйхати яке аз давлатҳои содиркунандаи бузурги барқ дохил менамояд.

Бо мақсади анҷоми корҳои сохтмонии зеризаминӣ, сохтмончиёни НБО-и «Роғун» дар тӯли даҳ соли охир зиёда аз 80 километр нақби ёрирасонро ба истифода доданд, ки он бо дарозии худ дар маҷмӯъ аз нақби метрои шаҳри Алмато (11,3 км), нақби метрои шаҳри Тошканд (36,2 км), нақби метрои Ереван (12,1 км) ва нақби метрои шаҳри Тифлис (36,2 км)  дарозтар мебошад.

Бо ба анҷом расонидани сохтмони НБО  «Роғун» шароити захира намудани 13,3 километри кубӣ оби дар лаҳзаҳои муҳим барои кишоварзони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон зарурӣ фароҳам меояд.

Умед аст, ки бо самаранок истифода бурдани оби захирашудаи НБО-и «Роғун», «Норак», «Сангтӯда–1» ва «Сангтӯда- 2» ва «Бойғозӣ»  имконияти  васеи анҷом додани корҳои ирригатсионии заминҳои зиёди беобхобидаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ муҳайё мегардад.

Аз таҷрибаи НБО «Норак» маълум аст, ки баъд аз панҷ соли истифодаи пурраи қудрати азими агрегатҳои баландшиддати НБО «Роғун» баргашти  маблағҳои сарфшудаи корҳои сохтмонии анҷомдода барқарор шуда, он садсолаҳо барои аҳолии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя хидмат менамояд.

 

Ноябрь 17, 2018 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни «Роғун – нурбахши роҳи фардои Ватан» баргузор мегардад
Зимбабве таҷрибаи Тоҷикистонро дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия истифода менамояд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд
Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд НБО «Роғун»-ро ҳамчун рамзи пешрафт ва ояндаи дурахшони минтақа арзёбӣ намуд
Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Рӯзноманигорон, блогерон ва намояндагони вазорату идораҳо бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
«РОҒУН»-ЗАМИНАИ АСОСӢ БАРОИ САНОАТИКУНОНИИ ТОҶИКИСТОН. Оид ба он конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Вашингтон ҷалби маблағгузорӣ ва татбиқи созишномаҳои молиявӣ барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» баррасӣ шуд
«РОҒУН-КОХИ НУР». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомон ифтитоҳ ёфт
Ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Анна Бйерде: «Бонки ҷаҳонӣ сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пуштибонӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд