НБО «Роғун» барои электриконидани роҳи оҳан ва истифодаи васеи мошинҳои бо барқ ҳаракаткунанда имконият фароҳам меорад
ДУШАНБЕ, 17.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Бунёди НБО «Роғун» на танҳо ба халқи тоҷик рӯшноӣ медиҳад, балки барои беҳтар шудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад. Бо ба истифода додани чархаҳои он дар Тоҷикистон имкониятҳои васеъ, аз ҷумла ворид гардидани сармояи азими хориҷӣ, бунёди корхонаҳои бузурги коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва корхонаҳои азими саноатӣ, роҳандозии корхонаҳои ҳозиразамони коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва дар ин замина бунёди ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди соҳаи комплекси агросаноатӣ, равнақу ривоҷ ёфтани шаҳрсозӣ ва туризми байналмилалӣ, электриконидани роҳи оҳан ва истифодаи васеи мошинҳои бо барқ ҳаракаткунанда фароҳам омада, даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ муҳайё мешаванд»,-изҳор дошт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Маҳмадамин ОЙМАҲМАДОВ. Матни пурраи суханони ӯ дар зер оварда мешавад.
Бунёди ин иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат таҳти роҳнамоӣ ва назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.
Неруи пурраи барқии НБО-и «Роғун» дар як сол 17,1 миллиард киловатт- соат барқро ташкил дода, Тоҷикистонро ба рӯйхати яке аз давлатҳои содиркунандаи бузурги барқ дохил менамояд.
Бо мақсади анҷоми корҳои сохтмонии зеризаминӣ, сохтмончиёни НБО-и «Роғун» дар тӯли даҳ соли охир зиёда аз 80 километр нақби ёрирасонро ба истифода доданд, ки он бо дарозии худ дар маҷмӯъ аз нақби метрои шаҳри Алмато (11,3 км), нақби метрои шаҳри Тошканд (36,2 км), нақби метрои Ереван (12,1 км) ва нақби метрои шаҳри Тифлис (36,2 км) дарозтар мебошад.
Бо ба анҷом расонидани сохтмони НБО «Роғун» шароити захира намудани 13,3 километри кубӣ оби дар лаҳзаҳои муҳим барои кишоварзони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон зарурӣ фароҳам меояд.
Умед аст, ки бо самаранок истифода бурдани оби захирашудаи НБО-и «Роғун», «Норак», «Сангтӯда–1» ва «Сангтӯда- 2» ва «Бойғозӣ» имконияти васеи анҷом додани корҳои ирригатсионии заминҳои зиёди беобхобидаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ муҳайё мегардад.
Аз таҷрибаи НБО «Норак» маълум аст, ки баъд аз панҷ соли истифодаи пурраи қудрати азими агрегатҳои баландшиддати НБО «Роғун» баргашти маблағҳои сарфшудаи корҳои сохтмонии анҷомдода барқарор шуда, он садсолаҳо барои аҳолии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя хидмат менамояд.








Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд






