Ғолибони озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ- роҳ ба сӯи ягонагии халқҳо» муайян шуданд

Ноябрь 12, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 12.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали имрӯз дар  шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, роҳбарони нашрияҳои давлатӣ, намояндагони ВАО, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии  Тоҷикистону Россия, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов  маросими ҷамъбасти озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – роҳ ба сӯи ягонагии халқҳо» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки ташаббускори баргузории озмун нашрияи «Народная газета» мебошад. Тавре масъулини маросими мазкур иттилоъ доданд, озмун дар ду бахш- мақолаи беҳтарин дар мавзӯи сайёҳӣ ва  мақолаи беҳтарин дар мавзӯи ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, аз 1 март то 1 ноябр зиёда аз 100 мақола дар саҳифаҳои нашрия чоп шуданд. Аъзои ҳакамон аз ин шумора 40 мақолаи беҳтаринро барои озмун пешниҳод намуданд.

Ҳамин тариқ, ғолибони ҷои аввал  дар бахши  сайёҳӣ донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Нигина Қаҳҳорова, ҷои дуюм Устоди варзиши Тоҷикистон Геннадий Набиев ва ҷои сеюм- ходими илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Хайринисо Боқиева гардиданд.

Дар бахши ҳунарҳои мардумӣ ғолибони ҷои аввал   хабарнигори нашрияи «Народная газета» Марҳабо Зунунова, ҷои дуюм нависанда Довудшоҳ Сулаймоншоҳ ва ҷои сеюм омӯзгор аз ноҳияи Муъминобод Нурулло Ҳасанов гардиданд.

Дар маросими имрӯза ҳамчунин ба 6 нафар ғолибони бахшҳои дигари  озмун: Олег Соболев, Владимир Фролов, Шариф Муллоев, Мадисо Саъдуллоев, Атригул Ризвоншоева ва Сайидо Назаров дипломҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби сарпарастон тақдим карда шуданд.

Сармуҳаррири нашрияи «Народная газета» Маҳбуба Камолова зикр кард, ки баргузор намудани озмун дар партави ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмҳои ҳарсолаашон бармеоянд, сурат  гирифта, минбаъд низ идома дода мешавад.

Нашрияи русзабони «Народная газета» (қаблан «Советский Таджикистан», «Коммунист Таджикистана») аз моҳи ноябри соли 1925 инҷониб нашр мешавад ва оид ба навгониҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишии Тоҷикистон хабару мақолаҳо нашр мекунад.

 

 

Ноябрь 12, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад