«ПОЕДЕМ, ПОЕДИМ!»-ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷон Уоррени британӣ аз кӯҳҳои Фон ба ваҷд меояд, пахта мечинад, аз ангурзор дидан мекунад ва бо зебосанамҳои тоҷик шинос мешавад

Ноябрь 26, 2018 11:05

ДУШАНБЕ, 26.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Барандаи барномаи маъруфи шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия «Поедем, поедим!» Ҷон Уоррен аз Тоҷикистон дидан кард.

Барномаи «Поедем, поедим!» дар бораи ошпазӣ ва сайру саёҳат буда, дар шабакаи телевизиони «НТВ» намоиш дода мешавад.

Зимни таҳияи барнома дар Тоҷикистон Уоррен аз кӯҳҳои Фон ва меҳмоннавозии мардуми деҳаи кӯҳистон ба ваҷд омад. Ӯ ҳамчунин дар пахтазор меҳнат карда, аз ангурзор дидан намуд ва танӯр-кабоби тоҷикиро чашид.

Илова бар ин, Ҷон Уоррен дар Искандаркӯл шино карда, бо дунёи мӯди миллӣ ва зебосанамҳои тоҷик шинос шуд.

Дар охир ин барандаи барномаи маъруф ҳамчун ошпази маҳаллӣ таоми лазиз — мастоба омода кард. Тааҷҷубовар ин аст, ки ба назари Уоррен ин хӯрок ба палави обакӣ монанд мебошад, на ба чизи дигар.

Ноябрь 26, 2018 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд