«RUSSIA TODAY»: ДАР БАЛАНДӢ САРБАНДИ НБО «РОҒУН» АЗ САРБАНДИ НБО «ГУВЕР»-И ИМА ПЕШ ХОҲАД ГУЗАШТ. Бозтоби ифтитоҳи чархаи аввали НБО «Роғун» дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон
ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба кор дароварда шуд.
Маросими баистифодадиҳии агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ қарор дошта, аз ҷониби агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Германия, Россия, Япония, Британияи Кабир, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос гардид.
Аз ҷумла, агентии «Рейтер» зери сарлавҳаи «Тоҷикистон агрегати якуми сарбандеро, ки дар ҷаҳон баландтарин мегардад, ба кор даровард» гузориш нашр кардааст. Дар он хабарнигори агентии мазкур доир ба ин иншооти азим ва аҳамияти он дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон иттилоъ дода, чунин навиштааст: «Рӯзи ҷумъа, 16 ноябр Тоҷикистон агрегати якуми НБО «Роғун»-ро, ки қисме аз лоиҳаи сарбанд мебошад, ба кор даровард. Ин иншоот истиқлолияти энергетикии давлатҳои Осиёи Марказиро таъмин хоҳад кард».
Дар идомаи матлаб гуфта шудааст, ки бо истеҳсоли неруи барқ Тоҷикистон имкон дорад аҳолиашро дар фасли зимистон бо барқ таъмин намояд ва содироти онро ба кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон зиёд кунад.
«Ин санаи муҳим дар таърихи муосири Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд ва барои насли оянда мояи ифтихор хоҳад гардид», — ин суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро агентии «Рейтер» иқтибос оварда, ёдовар мешавад, ки баъди чанд сол сарбанди НБО «Роғун» ба 335 метр расонида шуда, он аз 6 агрегати дорои иқтидори 3600 мегаватт (МВт) иборат хоҳад буд.
Дар навбати худ агентии иттилоотии «RussiaToday» бо номи «Тоҷикистон агрегати якуми неругоҳеро, ки дар ҷаҳон азимтарин мегардад, ба кор даровард» дар сомонаи худ видеогузориш чоп кард. Дар гузориш гуфта мешавад, ки «сарбанди аз ҳама баланд дар Тоҷикистон, дар Осиёи Марказӣ ҷойгир аст. Манзараи ҳайратангез аз баландӣ миқёси лоиҳа ва зебоии минтақаро нишон медиҳад. Баландии сарбанди НБО «Роғун» ба 335 метр расида, аз сарбандҳои баландтарини мавҷудаи ҷаҳон — «Ҷинг Пинг И»-и Чин (305 метр) ва «Гувер»-и ИМА (221 метр) пеш хоҳад гузашт. НБО «Роғун» аз 6 агрегати дорои иқтидори 3600 мегаватт (МВт) иборат хоҳад буд. Арзиши умумии лоиҳа 3.9 млрд доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Он тақрибан дар километри 100-уми қисмати шарқии Душанбе ҷойгир мебошад».
Агентии мазкур бо такя ба гуфтаҳои муҳандиси калон Шералӣ Эмомалиев зикр мекунад, ки ин неругоҳи нодир аст ва на ҳама қодиранд дар миёни кӯҳҳо чунин иншоот бунёд кунанд.
«Рӯзи деринтизор барои Тоҷикистон, ки мушкили неруи барқ дошт, ниҳоятан омад. 16 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми НБО «Роғун»-ро ба кор дароварданд», — чунин оғоз намудааст гузориши худро агентии «AzerNews»-и Озарбойҷон. Дар гузориш худ, ки «Тоҷикистон агрегати якуми НБО «Роғун»-ро ба кор даровард» ном дорад, агентии мазкур иттилои расмии муфассалро ҷой додааст.
«Тоҷикистон бо татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо талаботи дохилиашро қонеъ меозад, балки ба кишвари бузурги содироткунандаи неруи барқ табдил меёбад. Ба сохтмони НБО «Роғун» ширкати италиявии «Салини Импреҷило» машғул мебошад», — омадааст дар гузориши «AzerNews»-и Озарбойҷон.
Ҳамчунин сомонаи хабарии «Nation.com.pak»-и Покистон ин рӯйдоди муҳими Тоҷикистонро инъикос карда, таҳти унвони «Тоҷикистон неругоҳи азимро барои содир намудани неруи барқ ба Покистон ба кор даровард» интишор намуд.
Дар мавод асосан дар бораи НБО «Роғун», аҳамияти он барои Тоҷикистон ва минтақа, корнамоиҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин иншоот гуфта шудааст.
Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки 16 ноябри соли 2016 дар Тоҷикистон неругоҳи барқи обӣ – лоиҳаи азим ба кор шурӯъ кард, ки имкон медиҳад мушкилоти норасоии барқ дар кишвар бартараф гардад ва неруи барқ ба Афғонистону Покистон интиқол ёбад. Интизор меравад баландии сарбанди ин иншоот, ки бунёдгузораш Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва дар маҷрои дарёи Вахш дар ҷануби Тоҷикистон бунёд мегардад, ба 335 метр расонида шавад, ки аз ҳама баландтарин дар ҷаҳон мегардад.
«Яке аз 6 агрегати НБО «Роғун» рӯзи ҷумъа, 16 ноябр ба кор даромад ва тавре интизор меравад, пас аз анҷоми сохтмон иқтидори он 3600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сомонаи мазкур ин нуктаро зикр карда, ёдовар мешавад, ки соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон паси чамбараки булдозер нишаста, маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшиданд».
Дар иттилоъ омадааст, ки ин неругоҳ истеҳсоли неруи барқро дар кишвар дучанд мекунад. Неруи барқи барзиёд ба кишварҳои ҳамсоя, ба монанди Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон интиқол дода мешавад.
Сомонаи stimul.online дар матлабе зери сарлавҳаи «Дар Тоҷикистон НБО «Роғун» ба кор оғоз намуд» ин нуругоҳро иншооти беҳамтои энергетикӣ унвон кардааст. Ин расона менависад: «Дар Тоҷикистон иншооти беҳамтои энергетикӣ мавриди истифода қарор гирифт. НБО «Роғун» ба кор оғоз намуд. Ба кор андохтани агрегат бомуваффақият сурат гирифт. Агрегати №6 аввалин неруи барқро истеҳсол мекунад».
Ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, нависанда, сенариянавис ва публитсисти номвари Россия Александр Проханов таассуроти худро аз боздиди НБО «Роғун», ки чанде пеш ба амал омада буд, дар навори видеоӣ иброз доштааст. Ӯ аз ҷумла мегӯяд:
«Тоҷикони давлати нави тоҷикӣ, Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, муҳандисони бузург, бунёдкорон – онҳо ҳама ҷасурона зери замин даромаданд, кӯҳро шикофтанд ва як тамаддуни азими зеризаминӣ сохтанд, то ин ки баъд аз он маҷрои нур берун ояду Тоҷикистонро, олами атрофро, тамоми зиндагии рӯи Заминро мунаввар созад. Сохтмони Роғун – ин гули азими кайҳонист. Хушбахтам, ки бӯидани накҳати ин гул ба ман насиб гардид. Ташаккур, Роғун!».
Хабарнигори Агентии иттилоотии давлатии Чин «Синхуа» Анастасия Осипова, ки дар маросими ба кор оғоз намудани агрегати аввали НБО «Роғун» иштирок дошт, таассуроташро ба хабарнигорон чунин баён доштааст:
«Ман таассуроти хеле хуб дорам. Халқи тоҷик аз ҳама меҳмоннавозу меҳрубон ва хайрхоҳанд. Ҳам калонсолон ва ҳам кӯдакон…
…Боздид аз НБО «Роғун»-лаҳзаи аз ҳама гуворои сафари мо дар Тоҷикистон буд. Ин як лоиҳаи хеле бузургу таъсирбахш аст ва дар баробари ин ба рушди иқтисодиёт саҳми назаррас мегузорад. Мо мефаҳмем, ки ҳанӯз инҷо кор ҳаст. Умедворем, ки ин неругоҳ ба иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад».
Ҳамчунин дигар агентиҳои хабариву сомонаҳо, маҷаллаву рӯзномаҳо ва шабакаҳои телевизионӣ, ба монанди «Вести.ру», «Известия.ру», «НТВ», «ИА REGNUM», «Коммерсантъ», «Взгляд.ру», «Мир 24», «Жэньминь жибао онлайн», «БелТА», «Кабар», «DailyMail», «The Koz Telegram», «DAWN», «News of Bahrain», «NHK WORLD», «Trend News Agency», «darakchi.uz», «Neftegaz.RU», «euronews», «BBC», «AFP», «International Water Power and Dam Construction», «The Siver Week», «Hydro World», «The International», «Economic Times», «Times of Central Asia», «Infosurhoy», «Asian Oil & Gas Magazine», «Global Village space», «RS—Tech Business», «Recorder», «Business Standard», «Devdiscourse», «MENAFN.COM», «Morung Expresse», «NCA», «bne IntelliNews», «EurasiaNet» ва ғайраҳо маросими ба кор даровардани агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро васеъ инъикос намудаанд.