Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Латвия Эътимоднома супорид

Ноябрь 24, 2018 11:10

ДУШАНБЕ, 24.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябри соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳури Латвия бо иқомат дар Минск Маҳмадшариф Ҳақдод Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Латвия муҳтарам Раймондс Вейонис супорид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот, ки пас аз маросими эътимодномасупорӣ баргузор шуд, ҷонибҳо оид ба дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Латвия, инчунин оид ба мавқеи ҳарду кишвар дар масоили мубрами байналхалқӣ изҳори ақида намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Раймондс Вейонис Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ барои амалӣ намудани рисолати дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

Ноябрь 24, 2018 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд