«Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-омили рушди бемайлони сайёҳӣ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид

Ноябрь 14, 2018 16:24

ДУШАНБЕ, 14.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва ба фаъолият оғоз намудани агрегати аввали НБО «Роғун» таҳти унвони «Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — омили рушди бемайлони сайёҳӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур  хабар доданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зимни ҳамоиши мазкур иброз дошт, ки Президенти кишвар ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дошта, ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади тақвияти соҳаи сайёҳӣ иқдомҳоеро амалӣ намуд, ки барои рушди ин паҳлўи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ комёбиҳои нав ба бор овард.

«Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифи фарҳангу таърихи ғанӣ, иқлими созгор, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат ба ҳисоб рафта, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат қарор дорад. Маҳз бо дастгирии Президенти мамлакат баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ сабаби ҳавасмандгардонии соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мегардад»,-иброз дошт раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Мавриди зикр аст, ки имсол ба Рӯзи Президент рост омадани санаи ба кор андохтани аввалин агрегати НБО «Роғун» басо рамзист. 16 ноябри соли ҷорӣ ҳамагон шоҳиди рўйдоди муҳими таърихӣ мегардем. Бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон- Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар фазои тантанавӣ ба кор андохта мешавад.

Ин неругоҳ имрўз ва фардои иқтисоди миллии кишварро ба танзим дароварда, ба рушди соҳаи муҳими ҷомеа, аз ҷумла рушди инфрасохтори сайёҳӣ таъсири амиқ мегузорад.

Дар идомаи ҳамоиш муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён атрофи сулҳу суботи комил ва оромию осудагии диёр, ки маҳз бо талошҳои созандагию бунёдкоронаи Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба даст омаданд, сухан гуфтанд.

Дар анҷоми кори ҳамоиш миёни иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои матраҳгашта ва ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ноябрь 14, 2018 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад