ВАО – МУАРРИФИ АСОСИИ ЗАХИРАҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Кумитаи рушди сайёҳӣ зимни як таҳлил ба чунин натиҷа расид

Ноябрь 30, 2018 13:20

ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре собиқ Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Толиб Рифоӣ ба наздикӣ дар яке аз суҳбатҳояш иброз намуд: «Дар Тоҷикистон ҳамаи омилҳо барои ривоҷи сайёҳӣ мавҷуданд- мероси бои фарҳангию таърихӣ, кӯҳу дараҳо, кӯлҳо ва рӯдҳое, ки дар дигар ҷо дида намешаванд. Фақат ин ҳамаро дар бозори ҷаҳонӣ  дуруст ва ба таври муассир муаррифӣ намудан лозим аст».

Бино ба натиҷаҳои як таҳлил, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд, муаррифи асосии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма мебошанд.

Айни замон, ширкатҳои сайёҳӣ барои тарғиботи маҳсулоти сайёҳии худ аз телевизион, синамо, радио, матбуот, сомона ва шабакаҳои интернетӣ, лавҳаҳои тарғиботӣ ва дигар воситаҳои алоқа васеъ истифода мебаранд.

Маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳи охири соли равон Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як қатор шабакаҳои бонуфузи иттилоотии ҷаҳониро ҷалб намуд, ки дар ин замина табиати нотакрор, мероси бойи таърихию фарҳангии кишвар ба навор гирифта шуда, таблиғу ташвиқ гардиданд.

Дар заминаи ҳамин ҳамкориҳо аз 1 то 5 октябри соли равон ҳайати эҷодии телевизиони «НТВ»-и Федератсияи Россия бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади таҳияи барномаи «Поедем, поедим!», ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла таомҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд.

Зимни сафар ҳайати эҷодии барнома аз имкониятҳои сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода ва мавзеи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Инчунин, тарзи омода намудани таомҳои миллиро аз қабили оши палав, қурутоб, тандуркабоб ва намудҳои гуногуни хӯришҳоро ба навор гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз барномаи мазкур аз гӯшаву канори гуногуни Федератсияи Россия ва ҷаҳон зиёда аз 200 маротиба пахш гардида, тамаддуну фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии як қатор кишварҳоро ба монанди Куба, Япония, Норвегия, Финландия, Венгрия, Британияи Кабир, Фаронса, Шветсария, Латвия, Сингапур, Кения, Муғулистон, Қазоқистон, Ўзбекистон, Арманистон ва ғайраҳо муаррифӣ намудааст.

Бояд гуфт, ки барномаи «Поедем, поедим!» лоиҳаи маърифатӣ-таблиғотӣ буда, тирамоҳи соли 2016 сазовори ҷоизаи байналмилалии «National Geographic Traveler Awards 2018» дар номинатсияи «Барномаи беҳтарин дар бораи саёҳатҳо» сазовор гаштааст.

Ҳаводорон ва тамошобинони барномаи «Поедем, поедим!» имконият пайдо намуданд, ки намоишро оид ба Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 2018 тамошо намоянд. Ҳамзамон, барнома тариқи шабакаҳои иҷтимоии «Ютуб», «Фейсбук» «Инстаграмм» ва дигар порталҳои таблиғотӣ дастрас гардид.

Дар давоми чор рӯз танҳо тавассути шабакаи иҷтимоии «Ютуб» намоиши мазкурро бештар аз 150 ҳазор нафар дидан намуданд.

Инчунин, давоми соли ҷорӣ дар ҳошияи баргузории ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ, ки бори нахуст дар Душанбе баргузор гардид, дар ҳамкорӣ бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои ИДМ пресс-тур ба маконҳои таърихию фарҳангии кишвар ташкил гардид. Дар он намояндагон-хабарнигорони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ, ИТАР-ТАСС, АБИ «КАЗИНФОРМ», АМИҚ «Кабар» ва АМИӮ «УзА» иштирок намуданд.

Тамошои мавзеъҳои таърихии кишвар ба иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ ва рӯзноманигорон таассуроти зиёд бахшида, матолиби ҷолиби диққат вобаста ба имкониятҳои сайёҳии кишвар дар воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ва шабакаҳои интернетӣ нашр гардиданд.

Чунин пресс — турҳо ҷиҳати сабти филмҳои мустанад дар ҳамкорӣ бо бузургтарин шабакаи телевизиони давлатии Корея-KBS ташкил карда шуда, наворҳои зебо оид ба захираҳои сайёҳии мамлакат тавассути шабакаи KBS ба сайёҳони эҳтимолии Кореяи Ҷанубӣ намоиш дода шуд.

Дар заминаи лоиҳаи «DIGITAL SILK ROAD» дар ҳамкорӣ ӣо ширкати «Мегафон» барои журналистон ва блогерҳои кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия тавассути хатсайёри Душанбе — Данғара — Кулоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб пресс-тури ҷолиб ташкил карда шуд.

Наворҳо ва роликҳои зебо аз натиҷаи пресс-тури мазкур тавассути блогерҳои даъватшуда дар Ҷумҳурии Узбекистон ва Федератсияи Россия намоиш дода шуда, онро ҳазорон нафар тамошо карданд.

Гурӯҳи хабарнигорони шабакаи телевизионии Конфедератсияи Швейтсария низ аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат дидан намуда, барномаи ҷолиби сайёҳиро таҳия ва ба сайёҳони Шветсария намоиш доданд.

Қобили зикр аст, ки пахш гардидани барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии соҳаи сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Ватани маҳбубамон мусоидати ҳамаҷониба менамояд.

Ноябрь 30, 2018 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад