18 РӮЙДОДИ МУҲИМТАРИНИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018. Хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар остонаи Соли нав аз ин рӯйдодҳо бори дигар ёдовар мешаванд

Декабрь 31, 2018 08:02

ДУШАНБЕ, 31.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли  2018 барои Тоҷикистон соли таърихӣ, пурфайзу барор ва хотирмон гардид. Дар ин сол дар ҷумҳурӣ як  қатор ҳамоишҳои сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ баргузор гардида, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи  мамлакат дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд, ки аз  фаъолияти  самаранок  ва ташаббусҳои созандаву ободгаронаи  давлату Ҳукумати мамлакат шаҳодат медиҳанд.  Хабарнигорони  АМИТ «Ховар»  дар фарҷоми соли сипаришаванда муҳимтарин рӯйдодҳоро ёдрас мешаванд.    

1.Паёми Пешвои миллат ба парлумони мамлакат

Яке аз рӯйдодҳои муҳими соли сипаришаванда ирсоли Паёми навбатии Асосгузоори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон  ба  парлумони мамлакат  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»мебошад.

Дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Сарвари давлат зимни ироаи Паёмашон пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Пешвои миллат дар оғози паёмашон муҳиматарин рӯйдоҳои соли 2018-ро зикр намуданд.  Ба андешаи Сарвари давлат,  оғози расмии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди уствувор, солҳои 2018-2028», ба истифода додани чархаи нахустини НБО-и «Роғун» ва вусъати тоза пайдо кардани муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз қабили чунин рӯйдодҳои таърихмебошанд.

2.Оғози татбиқи Даҳсолаи «Об-барои рушди устувор»

21 марти соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи кушодашавии конфронс бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки «ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкорӣ дар ин соҳа мебошад. Гузашта аз ин, Даҳсолаи нав ба гузариш ба марҳалаи асосии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат хоҳад кард».

3.Ба истифода додани чархаи нахустини НБО-и «Роғун»

16 ноябри соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугма агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода доданд. Дар маросими таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд.

Ба кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор гирифта, ҳамзамон ҷараёни онро бештар аз 200 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Германия, Россия, Япония, Британияи Кабир, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе-Роғун»-ро бо пахши васлак ба истифода дода, ба орзуву омоли деринаи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшониданд.

16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. «Роғун» манзилу дилҳои мардуми моро гарму равшан мекунад, дар рӯдҳои нурофари кишвар неругоҳҳои нави барқ бунёд мешаванд, захираҳои азими энергетикӣ ва азму талоши созандагии халқ бо ҳидоятҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро беш аз ин шукуфонтар месозанд ва бо бунёди ин иншооти азим мардуми тоҷик ба саодату хушбахтӣ комёб мегарданд.

4.Вусъати тозаи муносиботи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Соли 2018  бо шарофати иродаи сиёсӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев  муносибатҳо миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  густариш  ёфтанд. Ибтидои ин сол 9 нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  кушода шуданд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояҳои нек расониданд.

Моҳи марти соли равон гузаргоҳҳои автомобилии «Саразм» (муқобили «Ҷартеппа»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Ӯротеппа» («Кушкент»), «Ҳавотоғ» («Учқурғон»), «Зафаробод» («Ҳавасобод»), «Ҳаштяк» («Бекобод»), «Навбунёд» («Поп»), «Равот» («Равот»), «Айвоҷ» («Гулбаҳор») ва    гузаргоҳи роҳи оҳани  «Хушодӣ» («Амузанг») кори худро дубора оғоз  намуданд.

Дар ин рӯзҳо  аввалин  қатораи мусофирбар бо хатсайри  «Кӯлоб-Москва» тавассути гузаргоҳи роҳи оҳани «Хушодӣ» («Амузанг»)    ба роҳ баромад.

Нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 9-10 март ва нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон 17-18 августи соли 2018 дар муносибатҳои ду кишвар ва халқи ҳамсояву дӯст давраи нави тиллоӣ оғоз намуданд.

5.Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 

Чун анъана Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми соли гузаштаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Ин иқдом на танҳо  барои тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ,  ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин барои эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи  миллати тоҷик, бо ҷойи кор таъмин гардидани аҳолӣ, омӯзиши ҳунарҳои  мардумӣ аз ҷониби  наврасону ҷавонон  ва таъсиси ҳазорон марказҳои омӯзиши касбу ҳунар  мусоидат намуд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши ин гуна молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд.

6.Мораторий ба  санҷиши фаъолияти соҳибкорон   

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зимни суханронӣ дар Паёми соли гузашта аз 22 декабри соли 2017  аз зиёд будани  монеаҳо дар  фаъолияти соҳибкорӣ изҳори нигаронӣ карданд. Пешвои миллат аз ҷумла, зикр намуданд, ки «мутобиқи қонунҳои амалкунанда айни ҳол фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Бо сабаби он, ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар нуҳ моҳи соли 2017 ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст». Аз ин рӯ Сарвари давлат барои ду соли минбаъда мораторий эълон карданд.

Барои тақвият бахшидан ба ин раванд  Пешвои миллат 26 декабр зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод намуданд, ки  солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд.

7.Оғози бунёдкориҳои бузург дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон

Дар ин сол бо ибтикор ва дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат табирҳои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 таҷлил карда мешавад, оғоз гардиданд. Имрӯзҳо ба ифтихори  ин ҷашни бьузург дар тамоми қаламрави кишвар — аз маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то деҳаву маҳалҳои аҳолинишин корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншооти муҳим бунёд карда мешаванд.

8.Раёсати  Тоҷикистон дар ИДМ

1 январи соли 2018 Раёсат дар ИДМ аз  Россия ба Тоҷикистон гузашт. Давоми як сол дар Шӯрои сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисӣ  намуданд.

Дар ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод кӯшишҳо ба самти таҳкими ҳамкории ҳарбию техникӣ, инчунин барномаи ҳамкорӣ доир ба таҳкими амнияти сарҳадӣ дар марзҳои беруна равона гардиданд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, мулоқоти сарони ҳукуматҳо ва саммити сарони давлатҳои ИДМ яке аз чорабиниҳои муҳими ҷумҳурӣ дар соли 2018 маҳсуб меёбад.

9.Ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баланд дар Тоҷикистон

Вобаста ба Раёсати Тоҷикистон дар ИДМ  соли 2018 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе панҷ ҳамоиши сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ —  саммити сарони давлатҳои узви ИДМ, Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028»,  ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай  баргузор гардиданд.

Тибқи  дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин ҳамоишҳо  дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор  гардиданд.

10.Таҷлили солрӯзи Насафӣ  ва Кавкабӣ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 дар саросари  мамлакат  санаҳои таърихии 550—солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ва 400 — солагии суханвари бузурги тоҷик Сайидои Насафӣ ҷашн гирифта шуданд. Ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Бунёди илму маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дастгирӣ намудааст.

11.Чакан – дар  Рӯйхати мероси  фарҳангии ҷаҳон!

Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид 29 ноябри соли равон дар ҷаласаи солонааш дар Маврикий чакан- як навъи гулдӯзии маъмул дар Тоҷикистонро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард. Тоҷикистон 5 сол боз талош дошт, то ЮНЕСКО чаканро ҳамчун мероси башарият бипазирад.

12.Роҳхати футболбозони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон

Фараҳбахштарин рӯйдоди варзишии мамлакат он буд, ки дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар Чемпионати Осиё, ки моҳи октябри соли 2018  дар Малайзия  баргузор гардид, медалҳои нуқраи мусобиқотро  ба даст оварда,  соҳиби роҳхати Чемпионати  ҷаҳон  2019 гардид.

Соли 2018 барои дигар варзишгарони  тоҷик низ  соли бобарор ва хотирмон ба шумор меравад. Дар ин сол варзишгарони маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, Комроншоҳи Устопириён,  Беҳрӯзи Хоҷазода,  Хушқадам Хусравов, Сомон  Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов, Разавӣ Навбаҳоров, Шаҳром Шералиев, Акмалиддин Каримов, Саидҷалол Саидов, Сорбон Латифов, Умед Ҳасанбеков,  Шакармамад Мирмамадов  ва дигарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, шарафи ҷумҳурӣ ва Парчами давлатиамонро боло бардошта, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ  гардиданд.

13.Душанбе ба узвияти cозмони ҷаҳонии  WTCF пазируфта шуд

Яке аз рӯйдодҳои дигари  пойтахти мамлакат-  ин дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7 то 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шудани  шаҳри Душанбе мебошад. Узвияти шаҳри Душанбе ба ин Федератсия барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва гузаронидани таҳлилҳои маркетингӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

14.Бунёду навсозии боғҳои фарҳангӣ ва майдончаҳои варзишӣ

Соли равон дар шаҳри Душанбе тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакона бунёд гардида, 12 боғу гулгашт таҷдиду навсозӣ карда шудаанд.

Аз ҷумла, бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар  2,85 гектар «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» номгузорӣ карда  шуд.

Ҳамчунин  Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баъди навсозӣ ба  «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иваз карда шуд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии  «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  Боғи мазкур дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси гулгашти мавҷуда, дар масоҳати  беш аз 4 гектар бунёд гардида, пас аз анҷоми корҳои ободонию созандагӣ  ин макон ба яке аз мавзеъҳои тамошобоб ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт  мубаддал гардидааст.

Ҳамзамон дар ин сол бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар кӯчаи Шириншоҳ Шотемури ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе   Боғи кӯдакон бунёд гардид.

Дар ин боғ  барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар барномаҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 230 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шудаанд.

15.Бори аввал дар Душанбе —  «Флайборд» ва «Summer Fest»

Бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба  таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 6  сентябри соли равон  дар Тоҷикистон  дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Кӯли ҷавонон» намоиши варзиши обии «Флайборд» баргузор гардид.

Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest»-2018,   ки бори аввал рӯзҳои 18 ва 19 августи соли равон  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар пойтахт баргузор гардида буд,   сазовори  НУҚРА-   мукофоти байналмилалӣ дар соҳаи  баргузориии чорабинӣ  ва рӯйдодҳои маркетингии  Осиёи Марказӣ   («Event Awards Central Аsia»)  гардид.  Ин як рӯйдоди фараҳбахши фарҳангӣ дар пойтахт маҳсуб мешавад.

Тибқи натиҷагирии   ташкилоти   мазкур,     дар номинатсияи   «Беҳтарин чорабинии оммавӣ»   миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон   ва Қазоқистон  Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest»-2018 , ки дар он зиёда аз 40 ҳазор одамон иштирок намуда буданд,   сазовори ҷои дуюм гардид.

16.Беҳдошти сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт  

Навсозии истгоҳҳои нақлиёти мусофирбари мавҷуда бо ороиши замонавӣ дар  пойтахт  аз тадбирҳои  судманд  дар ин самт маҳсуб мешавад.  Соли 2018  зиёда аз 58  адад  истгоҳҳои замонавӣ  дар хиёбону  кӯчаҳои пойтахт   мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Истгоҳҳои мазкур дар мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат буда,   дар онҳо  нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардида,  ҳудуди истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Ин гуна истгоҳҳо барои пешниҳод кардани хизматрасонии босифат мусоидат мекунанд.

17.Бунёди нахустин  эстакада дар Тоҷикистон

Дар ин сол муҳандисону роҳсозони варзидаи ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аввалин эстакадаи  сесатҳаро  дар Тоҷикистон (роҳҳои болоиҳам)  дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд  сохта, дар рӯзҳои таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад.  Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2018  ҷиҳати ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт дар 17 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 29,8 километр ва 3 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,9 километр корҳои таъмиру  навсозӣ оғоз гардида, дар 5 иншооти роҳсозӣ дар масофаи 9,8 километр бо масоҳати 134,4 ҳазор метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шуданд.

18.Ҷорӣ гардидани низоми пардохти электронӣ  

Соли  2018 дар асоси татбиқи  лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе»  дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ-автобусу троллейбус пардохти ҳаққи роҳкиро ба шакли ғайринақдӣ, яъне тавассути кортҳои электронӣ ба роҳ монда шуд. Ин иқдом  бо мақсади кам кардани ҳолати танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбону кӯчаҳои пойтахт  ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар роҳандозӣ гардид.

Декабрь 31, 2018 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд