Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, санади сарнавиштсоз шиносномаи давлату миллат аст
ДУШАНБЕ, 02.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ тақозо менамояд. Чунин изҳори назар намудааст иҷрочии калони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исмоил Эмомзода. Дар зер андешаҳои пурраи муаллифро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
— Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеа, махсусан соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргуниҳои амиқ ба вуҷуд овард. Ташаккули маърифат ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ масъалаи калидии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи хосса равона шуд ва дар ин замина якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.
Воқеан ҳам, роҳи рушду тараққиёти ҳар давлату миллатро Конститутсияи он, ки халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст, муқаррар мекунад. Маҳз ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллат аз Конститутсия сарчашма гирифта, он ба таҳкими равандҳои неки ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Имрӯз инсони дорои маърифати ҳуқуқӣ қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардидааст, Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд эълон мекунад. (моддаи 1. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад).
Бояд гуфт, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бе инкишофи тарбия ва фарҳанги ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Зеро ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, волоияти қонун ва низоми муайяни ҳуқуқиро таъмин менамояд. Дар ин замина, ҳар фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар шаҳрванд табдил ёбад. Аз ҷониби дигар, аз назари олимону ҳуқуқшиносон, бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабар ҳастанд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, метавонад ҳамчун шахси соҳибмаърифат дар рушд ва пешрафти рӯзгори худу хонавода ва ҷомеа саҳм гузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар менамояд ва бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти комилан устувори иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву геополитикӣ қарор дорад, ки ин фаҳмиши наву мукаммали маърифати ҳуқуқиро тақозо менамояд. Табиист, ки бе барномаву консепсияи мушаххас вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ ва механизми самарабахши татбиқи амали он ба ин ҳадафҳо ноил гардидан ғайриимкон аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст. Аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1 декабри соли 1999, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 июни соли 2001, «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз 3 декабри соли 2012, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва ғайра.
Мақсади асосии ин барномаҳо аз риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғайраҳо иборат мебошад.
Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, санади сарнавиштсозу шиносномаи давлату миллат, роҳнамои расидан ба орзую омоли халқ, заминаи низоми ҳуқуқии давлат, сарчашмаи рушди қонунгузорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳо, таъмингари соҳибихтиёрии давлат, инъикосгари қонунияту адолати иҷтимоӣ ва баёнгари ҳокимияти халқ, инчунин таҷассумгари принсипҳои хирадсолорию инсонмеҳварӣ дар мактаби сиёсии Пешвои миллат буда, таҷлили ҷашни 31-солагии қабули он нишони арҷгузорӣ ба ин падидаи муқаддаси миллӣ аз ҷониби кулли шаҳрвандони Ватанамон маҳсуб мешавад.
Моро зарур аст, то дар атрофи арзишҳои меҳварии Конститутсия ва дигар дастовардҳои муқаддаси миллӣ муттаҳид гардида, ба заҳмату талошҳои Пешвои миллат барои барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун арҷ гузорем ва ҳамеша ба амалҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлатамон пайравӣ намоем.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд






