Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мешавад

Ноябрь 3, 2025 10:49

ДУШАНБЕ, 03.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Форум бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, мақсад аз он муайян намудани мушкилот ва душвориҳое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯйи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххас бо мақсади таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун доир карда мешавад.

Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон минбари мувофиқ ва самаранок барои вусъат додани ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида, ба рушд ва таҳким бахшидани қонунгузории мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дарёфти роҳу усулҳои муосири инкишофи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ташкили муколамаҳои муштарак мусоидат менамояд.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 3, 2025 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд