Абдуҷаббор Азизӣ бо муовини раиси Маҷлиси Халқии намояндагони музофоти Шэнсии Чин Лян Хун Сян мулоқот намуд

Декабрь 13, 2018 16:35

ДУШАНБЕ, 13.12.2018  /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуҷаббор Азизӣ бо роҳбари ҳайати намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини раиси Маҷлиси Халқии   намояндагони  музофоти Шэнси  Лян  Хун Сян мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки мояи ифтихор  аст, ки Парлумони Тоҷикистон бо бештари парламентҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкорӣ ва муносиботи хуб дорад. Бо мақсади рушди ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламенти Чин таъсис дода шудааст. Чин ягона кишвари абарқудрат аст, ки аз аввалинҳо шуда, истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва барои барқарории алоқаҳои дипломатии дуҷониба бо ҷумҳурии мо изҳори омодагӣ кард.

«Бо таваҷҷуҳ ба иқтидори бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва соҳиби таҷрибаи ғании навсозии кишвар, қабл аз ҳама, вобаста ба гузариш ба муносиботи бозорӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи арзишмандеро ишғол менамояд. Анҷоми  боздидҳои бесобиқаи расмӣ ва дӯстонаи сарони ду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар, имзои асноди гуногуни ҳамкорӣ, ки барои мардум ва миллати ин кишварҳо тақдирсоз буда, асоси баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягии ҳасана, эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимод ва мавқеъҳои муштаракро дар бар мегиранд, нишонаи мавҷуд будани ҳамкории дӯстона ва дорои сатҳи баланд мебошад»,- гуфт муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон.

Абдуҷаббор Азизӣ ҳамчунин алоқамандии Маҷлиси намояндагонро ҷиҳати тақвияти равобит бо парлумони Ҷумҳурии Мардумии Чин иброз дошта, ҳамзамон таъкид намуд, ки парламенти Тоҷикистон ҳанӯз ҷавон аст ва ниёз ба омӯзиши таҷрибаи парламентҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Чин дорад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки вохӯрии имрӯза барои таҳкими муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии   Мардумии Чин дар ҳамаи соҳаҳо заминаи тозае фароҳам хоҳад овард.

Роҳбари ҳайати намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини раиси Маҷлиси Халқии намояндагони  музофоти Шэнси  Лян Хун Сян низ аз ҳамкории  ду кишвар дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар заминаи иқтисодиву фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дорои зарфиятҳои бештари барқарории равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин  кишвар ҳар замон омода аст, ки аз ин зарфиятҳо барои миллату мардуми Тоҷикистони дӯсту ҳамҷавор истифода намояд.

 

Декабрь 13, 2018 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд