Ҷаласаи Шӯрои илмӣ дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия ба ёдбуди фарзанди фарзонаи Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2018./ АМИТ «Ховар»/. 19-уми декабр дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия (ИШАИР) ҷаласаи васеи Шӯрои илмӣ бахшида ба ёдбуди олими барҷаста ва ходими сиёсӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ва Россия 110-солагии ӯ таҷлил мегардад, баргузор гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди калони илмии Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Урал-Поволжеи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои фалсафа, профессор Наргис НУРУЛЛО-ХОҶАЕВА хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки Бобоҷон Ғафурович Ғафуров Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (ҳоло Институти шарқшиносии АИР)-ро аз соли 1956 то охири соли 1977 роҳбарӣ намудааст.
Ҷаласаи Шӯрои илмӣ таҳти раёсати Роҳбари илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, академик В.В. Наумкин доир гардид. Дар суханронии хеш ӯ дар бораи аҳамияти барҷастаи ташкилотчигии Б. Ғафуров дар рушди мактаби шарқшиносӣ ва инкишофи ин илм дар ИҶШС ибрози назар кард.
Дар ҷаласаи Шӯрои илмӣ намояндагони Тоҷикистон — академик Кароматулло Олимов, саркотиби илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон Қосимшо Искандаров, кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Маҳаррама Қодирова ва Шамсуддин Бобоев иштирок намуданд. Миёни иштирокдорон Беҳзод Турақулов, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд (Ӯзбекистон) низ ҳузур дошт. Меҳмонон зимни суханронии худ дар бораи таҷлили ҷашни фархундаи фарзанди фарзонаи Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Душанбе ва Хуҷанд ибрози андеша намуданд.
Хотироти хешро дар ин ҷаласа аъзоёни Шӯрои илмии институт, асосан собқадорон, ки дар замони худ таҳти роҳбарии академик Б. Ғафуров фаъолият намудаанд, баён доштанд. Олимони шарқшинос, аз ҷумла Л. Б. Алаев, А.И.Яковлев, Н.И. Пригарина, Д.Д. Василйев, А.М.Казанов ба сухан баромаданд. Ҳамаи онҳо аз академик Бобоҷон Ғафуров бо муҳаббати самимӣ ёдовар шуданд.
Аён буд, ки Бобоҷон Ғафуров аз бисёр ҷиҳат ба ташаккули тамоми кластерҳо (табақаҳо)-и олимон таъсир расонидааст, ки сарфи назар аз қоидаҳои сиёсии равобити шарқшиносии замони шӯравӣ (давраи ҷанги сард) тавонистанд ин соҳаро ба таври васеъ муаррифӣ намоянд. Дар он замон лдар институт ва илми шарқшиносии шӯравӣ ҳақиқатан рӯҳияи махсус ё, тавре яке аз ширкаткунандагон зикр намуд , – «рӯҳияи Ғафуров» ҳукмрон буд. Ин падидаро олими туркшиноси институт, мудири шуъбаи таърихи Шарқ, ноиби президенти Ҷамъияти шароқшиносони Россия Д.Д. Василйев равшану возеҳ баён дошт. Ӯ, аз ҷумла, изҳор намуд, ки барои худ шарафи бузург меҳисобад, агар ба донишгоҳе, ки дар он кор мекунад, номи академик Бобоҷон Ғафуров гузошта шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби аксар аъзоёни Шӯрои илмӣ ва дигар ширкаткунандагони ҷаласа бо кафкӯбӣ пазируфта шуд.
Эҳтимол аст, он рӯз ба ҳамаи иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия фаҳмо буд, ки бо шарофати истеъдоди ташкилотчигию фаъолияти илмии Б. Ғафуров мактаби шарқшиносии шӯравӣ дар ҷаҳон ба ҳайси пешсаф ва созанда эътироф шуда буд.
Наргис НУРУЛЛО-ХОҶАЕВА,
корманди калони илмии
Институти шарқшиносии АИР,
профессор
ш. Москва









«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад






