ҲАМДУ САНО БА ҒОЛИБОН! Имрӯз ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 03.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанберо қадрдонӣ намуданд.
Саҳмгузорӣ дар ободию зебогии ҳар як гӯшаи диёр нашонаи баланди ватандӯстию ватандории ҳар фарди ҷомеа мебошад. Дар воқеъ хизматҳои нафароне, ки дар ин амалҳои бунёдкорӣ нақш доранд, аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда мешаванд ва онҳо пайваста дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумлаи амалҳои бузурги бунёдкорию ободонӣ тадбирҳои бунёди боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишӣ мебошад, ки давоми қариб ду соли охир анҷом дода шудааст.
Тӯли ду соли охир дар шаҳри Душанбе корҳои созандагию ободонӣ вусъати дучанд касб намуда, барои сокинону меҳмонони пойтахт имконияту шароити беҳтари маишию хизматрасонӣ фароҳам оварда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки танҳо соли равон дар шаҳри Душанбе тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакона бунёд гардида, 12 боғу гулгашт таҷдиду навсозӣ карда шудаанд.
Бо мақсади босифат ба иҷро расонидани корҳо дар бунёди майдончаҳои варзишӣ, навсозии боғу гулгаштҳо ва ҳавасмандгардонии бунёдкунандагон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардида буд, ки дар рӯзҳои охири соли равон ҷамъбаст гардид.
Давоми солҳои охир бо ташаббуси созандаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои пайгиронаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳаҳои муҳими пойтахти мамлакат рушд карда, симои шаҳр кулан дигаргун гаштааст. Ҳоло корҳои созандагию бунёдкорӣ бо суръат ҷараён дошта, барои фароҳам овардани имконияту шароитҳои беҳтари кору зиндагӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт марҳила ба марҳила тадбирҳои нав амалӣ мегарданд.
Имрӯз бо дастгирӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 42 нафар ғолибони дигари Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мукофотҳои хотиравии Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Хотиррасон мешавем, ки 29-уми ноябр дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 41 нафар ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуда буданд. Дар ин ҷаласа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар соли 2019 дар баробари пойхтахти мамлакат дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ сохтмон ва навсозии майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо идома дода мешавад.








Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ






