«АРҶГУЗОРӢ БА ЗАБОНИ НОБ НАМУНАИ МАНЗАЛАТУ ЭЪТИБОРИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои ректори ДМТ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар бораи номгузории деҳа, маҳалла, ноҳия ва шаҳрҳо

Декабрь 22, 2018 10:49

ДУШАНБЕ, 22.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. 19 декабри соли 2018 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери садорати Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Муҳаммадюсуф Имомзода муҳокимаи парламентӣ таҳти унвони «Асосҳои ҳуқуқию ташкилии номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

 Аъзои Маҷлиси миллӣ бо қабули қарор ва тавсияҳои дахлдор ба сохторҳои марбутаи давлатӣ аз ҳамагон даъват ба миён оварданд, ки дар татбиқи онҳо баҳри муваффақ шудан ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти ҳамоҳангу дастаҷамъонаро анҷом диҳанд.

АМИТ «Ховар» ба Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ,  Ректори Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода муроҷиат намуд, то зарурияти интихоби мавзӯи матраҳшавандаро  шарҳ диҳад. Дар зер андешаҳои академик Муҳаммадюсуф  ИМОМЗОДА дар ин бора манзур карда мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  забони тоҷикиро нишонаи ҳастии миллат ва мероси гаронмояи аҷдоди некному хирадмандон номиданд. Арҷгузорӣ ба забони ноб, ки дурдонаи бебаҳо ва намунаи манзалату эътибори бузурги миллати тамаддунофари тоҷик мебошад, дар замони муосир ба ваҳдату ҳамбастагӣ, ҳамгироиву ҳамфикрии миллӣ, рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ, пойдориву таҳкими минбаъдаи сарзамини муқаддасу куҳанбунёд такони бузурге додааст ва ба гуфтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «моро вазифадор месозад, ки онро пайваста эҳтиром ва ҳифз намоем».

Дар таърихи давлатдории тоҷикон ном ва номгузорӣ махсусияти фарҳангии хос дошт. Бо гузашти вақт вобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ як гурӯҳ номҳо асолати таърихии худро нигоҳ доштаанд. Гурӯҳи дигар, аз қабили номҳои деҳа, маҳалла, ноҳия ва шаҳр дар натиҷаи ҳодисаву воқеоти таърихӣ ба тағйирот дучор шудаанд, ки ин раванд сабаби аз як фарҳанг ба фарҳанги дигар гузаштани баъзе унсурҳо гардид.

Қобили зикр аст, ки шаҳрҳо харобу вайрон мешаванд, давлатҳо аз байн мераванд, забонҳо ва халқҳову миллатҳо беному нишон мегарданд, вале номҳои онҳо боқӣ мемонанд. Бинобар ин, номвожаҳои ҷуғрофӣ ҳамчун ҷузъи устувору камтағйиршавандаи воҳидҳои забонии минтақаҳои гуногуни таърихӣ нисбат ба забони зинда дар худ марҳилаҳои махталифи рушду густариши забонҳои бостониро таҷассум менамоянд. Ин хусусияти муҳиму мубрами номвожаҳои ҷуғрофӣ метавонад андешаи моро дар бораи равандҳои гуногуни таърихӣ, бавижа дарки масъалаҳои таърихи забон ва ташаккули миллат дар тӯли таърих густариш диҳад.

Номҳои ҷуғрофӣ шаклҳои бунёдии худро садсолаҳо нигоҳ медоранд, онҳо барои мо дар бораи забонҳои аз байн рафта ва топографияи қадимаи ин ё он маҳал, сарватҳои табиӣ, касбу ҳунарҳои қадима ва тарзу ҷойгиршавии аҳолии он маълумот медиҳанд.

Иваз кардани номҳои ҷуғрофӣ ин равандест, ки ба ҳодисаҳои иҷтимоӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишварҳои гуногун раванди номивазкунӣ аксаран дар заминаи дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ сурат мегирад. Дар аксари мамлакатҳое, ки истиқлолият ба даст оварданд ва низоми сиёсии худро дар асоси дастовардҳои миллию фарҳангии мардуми хеш ба роҳ мондаанд, барои худшиносии миллӣ ва муаррифии дастовардҳои фарҳангӣ раванди номивазкунии маҳалҳо бештар ба назар мерасад.

Масалан, метавон аз раванди тағйири номҳои шаҳру деҳот дар чанде аз кишварҳои ҷаҳон мисол овард, ки яке аз онҳо ба Истанбул тағйири ном кардани Константинопол мебошад. 28 марти соли 1930 дар раванди ислоҳоти Мустафо Камол «Қонун оид ба хидмати почтаи туркӣ» қабул шуд, ки дар он, аз ҷумла оид ба тағйири номҳои шаҳрҳои Константинопол ба Истанбул ва Ангора ба Анқара навишта шуд. Яъне дар Туркия баъди ба сари қудрат омадани Мустафо Камол раванди туркӣ кардани ҳамаи номҳои шаҳру ноҳия ва деҳот ба амал омад.

Дар собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ раванди тағйири номҳои ҷуғрофӣ ба таври густурда сурат гирифт. Агар дар баъзе аз ҷумҳуриҳо ин раванд бо кундӣ пеш равад, дар баъзеи дигар зуд амалӣ гардиданд. Ба ин ҷумҳуриҳо Украина, Туркманистон ва ҷумҳуриҳои назди баҳри Балтика мисол шуда метавонанд. Дар ин давлатҳо номҳои давраи Шӯравиро пурра ба дигар номҳо иваз намуданд.

Масалан дар Федератсияи Россия бо сабабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба номи шаҳру ноҳияҳо ва деҳот тағйироти куллӣ ворид карда шуд. Дар иртибот ба ин метавон аз номҳои  Санкт-Петербург -Ленинград — Санкт-Петербург, Самара –Куйбишев – Самара, Нижний Новгород – Горкий — Нижний Новгород, Екатеринбург – Свердловск – Екатеринбург ва ғайра ном бурд. Бояд гуфт, ки тағйири номҳои ҷуғрофӣ дар Россия назар ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ оромтар гузашт.

Баъд аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин иқдомҳоро дар самти ба номҳои миллӣ иваз намудани номҳои бегона роҳандозӣ намуд.

Ин аст, ки давра ба давра вобаста ба ҷанбаҳои таърихӣ ё мавқеи ҷойгиршавии маҳал ба он номи зебои тоҷикӣ гузошта шуда истодааст. Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки бар ивази як қатор топонимҳои бегона номвожаҳои зебои тоҷикии мансуб ба шахсиятҳои бузург ва мавзеъҳои таърихӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат хеле бамаврид гузошта шудаанд. Аз қабили, ноҳияи Москва – Ҳамадонӣ, Совет – Темурмалик, Ленин – Рӯдакӣ, Фрунзе – Сино, Октябр – Исмоили Сомонӣ, «Централный» – Фирдавсӣ, Чкаловск – Бӯстон, Орҷоникидзеобод – Кофарниҳон – Ваҳдат, Ленинград — Муъминобод ва ғайра шаҳодати он аст, ки мо аз имкониятҳои васеи номгузории тоҷикӣ истифода намуда, бо ин роҳ дар баробари тозагии забон асолати таърихии онро низ барқарор намудем.

Забони тоҷикӣ ба ҳайси яке аз забонҳои неруманд дар тӯли таърих тавонист дар сохтани номҳои ҷуғрофӣ нақши муҳиме гузошта, формант (пасвандҳо)-и номсозии зиёдеро пешниҳод намояд.

Дар забони тоҷикӣ топоформантҳои зеринро мушоҳида кардан мумкин аст, ки онҳо: дара, дашт, го (гоҳ, гаҳ),  ак, боғ, дор, зор,  инг,  истон, кул, конӣ, кон, мазор, овӣ (обӣ), он, сой, су (туркӣ), тут, хо, обод, қалъа ва ғайраҳо мебошанд

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аксари номҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияву деҳоти мамлакат иваз ва ба табиати забони давлатӣ мувофиқ гардонида шуданд. Ҳукумати мамлакат дар ин раванд, пеш аз ҳама, ба ҷанбаҳои илмию таърихии номҳо ва аҳамияти муҳими тарбиявӣ доштани онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳангоми табдили номҳои ҷуғрофӣ андешаҳои олимони соҳа ва афкори мардуми маҳалҳои гуногунро низ ба инобат мегирифт ва ин анъана то имрӯз идома дорад.

Номҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Леваканд, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Кӯшониён, Рашт, Спитамен, Истаравшан, Истиқлол, Ваҳдат ва монанди инҳо аз ҷумлаи номҳояанд, ки дар замони истиқлолияти кишвар гузошта шуданд.

Бояд зикр намуд, ки хушбахтона, дар минтақаҳои кӯҳии кишвари мо номҳои хеле зиёди таърихӣ дар номгузории маҳал, деҳа ва дигар мавзеъҳои ҷуғрофӣ боқӣ мондаанд. Ин нишондиҳанда моро ба умри беш аз шашҳазорсола доштани забон ва миллати тоҷик ошно месозад. Аз ҷумла, номҳои таърихан қадимаи деҳаи Беғар баромади суғдӣ дошта, маънояш ҷойи бекӯҳ мебошад. Ё худ Пуғуз (чормағззор), Пшанбе (шикоргоҳ) ва ғ.

Чунин номгузориҳо дар аксари номҳои ҷуғрофии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ, аз қабили Ёгед (деҳи Ҷам), Жак (заҳзамин), Жамот (заминҷо), Зиғар (поёни кӯҳ; кӯҳдоман; зеҳи кӯҳ), Зугванд (макони зок, замч), ва садҳо номи дигар баръало дида мешаванд. Инҳо аз забонҳои куҳани ориёӣ — авастоиву сакоӣ ва суғдиву бохтарӣ ҳикоят ва куҳандиёр будани ин кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.

Вале, мутаассифона, таҳлилҳо нишон доданд, ки теъдоди зиёди номҳои ҷамоати шаҳраку деҳот ва деҳаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ такрор меёбанд. Барои мисол, дар номгузории шаҳраку деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин дар кишвар номҳои ҷуғрофии такрори Ваҳдат 31 ном, Истиқлол 25 ном, Баҳористон 15 ном, Гулистон 41 ном, Бӯстон 26 ном, Лолазор 17 ном, Зарнисор 15 ном, Меҳробод 16 ном, Навобод 38 ном, Тоҷикистон 4 ном, Файзобод 17 ном, Чашмасор 15 ном, Тоҷикобод 8 ном, Пахтакор 15 ном, Иттифоқ 11 ном, Дӯстӣ 19 ном, Кӯҳдоман 10 ном ва боз чандин номҳои такрори дигар расман ба қайд гирифта шудаанд.

Бархе аз комиссияҳои номгузории шаҳру ноҳияҳои мамлакат хусусиятҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, геологӣ, биологӣ ва касбу кори мардуми маҳалҳои  аҳолинишин ва деҳоти навбунёдро ба назар нагирифта, дар қолаби ғайримеъёрӣ номҳоеро пешниҳод менамоянд, ки дар таъриху суннати номгузории миллии мо аз чунин қолаби ҷойномсозӣ дар ягон асру замон истифода накардаанд. Масалан, номгузории шаҳраку деҳот бо номи Наврӯз, Меҳргон, Намуна, Орзу, Саховат, Ҷавонӣ ва ғайра ба қайд гирифта шудаанд, ки чунин номҳо ҳаргиз ифодакунандаи номи маҳал ё шаҳраку деҳот шуда наметавонанд.

Аз таҳлилҳои бадастомада ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҷиҳати ҳифз ва гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва риояи меъёрҳои қонунгузории мамлакат дар ин самт тадбирҳои нави андешидашуда тақвият дода шуда, мақомоти салоҳиятдор корро ҷоннок намоянд.

Зеро ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Забони тоҷикӣ — ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад».

Декабрь 22, 2018 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад