АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: Вазорати маориф ва илм соли равон чанд иқдом пеш гирифт, ки дар ду-се соли оянда метавонанд натиҷаи мусбат ба бор оранд
ДУШАНБЕ, 21.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат шуморида, барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Зеро соҳаи маориф омили муҳимтарини инкишофи миллат ва таҳкими асосҳои давлатдорӣ буда, Ҳукумати мамлакат онро ҳамеша мавриди назари хоси худ қарор медиҳад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 таъкид намуданд, ки ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар дода, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар намуда, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода намудан зарур аст. Ҳамчунин заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшида, самарабахшии фаъолияти онҳоро бояд таъмин намуд.
Оид ба иҷрои ин супоришҳо ва дигар самтҳои фаъолияти соҳаи маориф хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Уcмонзода ҳамсуҳбат шуд.
Ба гуфтаи Ф.Усмонзода, рушди иқтисоди миллӣ ва қисмати муҳими соҳаи маориф дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат ва соҳа, аз ҷумла Стратгияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030, Стратегияи миллии соҳаи маориф барои солҳои 2012-2020 ва барномаҳои гуногуни миллӣ ва соҳавӣ ба нақша гирифта мешавад. Дар ин миён, Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузор ва ҳукумати мамлакат мавқеи муҳим ишғол менамоянд.
«Маҳз дар Паёмҳои солҳои гуногун, аз ҷониби роҳбари олии кишвар соҳаи маориф «афзалиятнок», «калидӣ», «тақдирсоз», «омили таъминкунандаи рушди устувори давлат», «шарти асосии пешрафти ҷомеа» эълон шуда, ҷиҳати афзоиши ҷалби маблағҳо аз сарчашмаҳои гуногун ба ҳукумати кишвар супориш дода шуд. Ин аст, ки соли 2018 маблағгузории соҳаи маориф, аз ҷумла аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ афзоиш дода шуд. Соли равон барои соҳаи маориф 4,2 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 7,4 % зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки афзоиши буҷети соҳа давоми се соли охир 35%-ро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, соли 2019 буҷети соҳаи маориф зиёда аз 500 млн. сомонӣ афзуда, ба 4,4 млрд. сомонӣ баробар мешавад. Дар баробари ин, афзоиши сармояи хориҷӣ низ дар назар дошта шудааст», — зикр намуд ҳамсуҳбат.
Ба иттилои мусоҳиб, соли 2018 дар соҳаи маориф 3 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 60 млн. 650 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст. Маблағи мазкур барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ, харидорӣ намудани таҷҳизоти таълимӣ, омӯзиш ва гузаронидани тренингу семинарҳо равона карда шудааст.
Бояд гуфт, ки теъдоди хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҳамасола бо суръат – ба ҳисоби миёна 40-50 ҳазор нафар зиёд мешавад. Танҳо соли таҳсили 2016-2017 шумораи хонандагон нисбат ба соли гузашта 52,0 ҳазор нафар афзоиш ёфта, ба 1 млн. 837,8 ҳазор нафар расидааст.
«Аз ин рӯ Сарвари давлат Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки “…ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намояд».
Ба ин хотир бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён соли равон чанд иқдом гирифта шуд, ки интизор меравад дар ду-се соли оянда натиҷаи мусбат диҳанд», — иброз дошт Ф.Усмонзода.
Мавсуф илова намуд, ки дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ислоҳоти мазмуни таҳсилот идома ёфта, аз 1 сенябр барномаҳои таълимӣ аз фанҳои дақиқ дар синфҳои 5-11 бо назардошти муносибати босалоҳият ҷорӣ карда шуданд. Таълими фанни технологияи информатсионӣ аз синфи 5 оғоз гардид. Омӯзиши фанни мазкур бояд ҳамчун замина барои истифодаи технологияҳои муосири замонавӣ дар омӯзиши дигар фанҳо ёрӣ расонад.
Ба гуфти мусоҳиби мо, бо мақсади самаранок истифода бурдани давраи таҳсили хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба стандартҳои муосири байналмилалӣ мувофиқ гардонидани сарбории таълимии хонандагон бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии ба Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид гардида, аз соли таҳсили 2018-2019 сар карда, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ давомнокии соли таҳсил ду ҳафта тамдид карда шуд. Минбаъд анҷоми соли таҳсил 14 июн муқаррар карда шуда, ба ду нимсола ва чор чоряк тақсим карда мешавад.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат зимни манзури Паёми хеш таъкид доштанд, ки «сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд».
Тибқи Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 вазифаҳои асосии рушди сармояи инсонӣ дар давраи дарозмуҳлат инҳо мебошанд: пешбурди фарогирии иҷтимоӣ тариқи баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, об таъминкунӣ ва беҳдошт; фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ.
«Маориф ҳамчун қувваи пешбарандаи иқтисоди миллӣ захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва омили муҳимтарини рушди неруи инсонӣ маҳсуб мешавад. Аз ин нуқтаи назар, баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти шаҳрвандон ба некӯаҳволӣ, даромад, саломатии ҷомеа ва дар умум ба рушди устувори кишвар таъсири мусбат мерасонад. Махсусан, ба талаботи муосир мувофиқ кунонидани таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз вазифаҳои муҳими соҳа маҳсуб мешавад»,- зикр намуд Ф.Усмонзода.
Зикр гардид, ки бо мақсади ба талаботи муосир мувофиқ кунонидани таҳсилоти олии касбӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 июли соли равон ба тавсиб расид, ки тартиби ягонаи фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, молиявӣ ва идоракунии мауссисаи таълимӣ, муқаррар намудани меъёрҳои умумии сарбории таълимии донишҷӯён, магистрон ва докторантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таносуби ҳаҷми меҳнатталабии фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ дар низоми кредитии таҳсилот ва таҳсилоти фосилавӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбиро муайян менамояд.
Бо мақсади таъмини сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таълим ва бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик сохтани барномаҳои таълимӣ бояд ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем. Барои ин зарур аст, ки дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар соҳа беҳтар карда шавад. Бо ин мақсад, соли равон дар 3 ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба таври озмоишӣ қабули аттестатсияи хатм дар Маркази тестии муассисаи таълимӣ бо истифода аз технологияи муосир баргузор гардид.
«Яке аз самтҳои муҳими фъолияти Вазорати маориф ва илм омода намудани мутахасисони ба талаботи муосири иқтисоди миллӣ ҷавобгӯ бо истифода аз созишномаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ мебошад. Имсол дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 5200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи ихтисосҳои ба иқтисодиёти миллии кишвар зарурӣ барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ фиристода шуданд. Ҳамзамон дар соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ зиёда аз 6200 донишҷӯ аз давлатҳои хориҷи дуру наздик бо ихтисосҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин, албатта, нишони эътирофи низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад», — гуфт ҳамсуҳбат.
Ба гуфтаи Ф.Усмонзода, нишондиҳандаи муҳими соҳа рушди инфрасохтори он мебошад. Сарвари давлат дар Паёми хеш изҳор доштанд, ки «соли 2018 раванди сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимӣ идома ёфта, маблағҳои буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин самт равона карда мешаванд».
Дар ин робита ба ин соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар як сол зиёда аз 36 ҳазору 600 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта қариб 6000 ҷой зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки қариб 1500 синфхонаҳои нав бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти муосири хониш таъмин карда шуданд.
«Бояд зикр намуд, ки саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди инфрасохтори соҳаи маориф назаррас аст. Аз ҷойҳои нишасти соли 2018 ба истифода дода шуда 16 ҳазору 363 адад аз ҷониби соҳибкорон ва 1 ҳазору 646 ҷой ба тариқи ҳашар аз ҷониби ҷамоатҳо сохта шудаанд. Ин иқдом арзанда ва қобили дастгирӣ мебошад», — илова намуд Ф.Усмонзода.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»