Аъзои Маҷлиси миллӣ тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ҷонибдорӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2018/АМИТ «Ховар»/. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумон пешниҳод гардида буд, 25 декабр аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар иҷлосияи ҳабдаҳуми палатаи болоии Парлумони мамлакат баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид.
«Қонун бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти алоҳидаи Кодекси амалкунанда ба Кодекси тандурустӣ қабул шуда, баҳри тақвияти масъулияти кормандони соҳаи тиб, таъмини ҳолати дахлдори санитарию гигиенӣ равона карда шудааст»,-зикр намуд зимни тавзеҳи қонуни мазкур Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Озода Раҳмон.
Зикр гардид, ки тибқи тағйирот ба моддаи 129-уми Кодекс, минбаъд барои иҷро накардан ё ба таври номатлуб ба ҷо овардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби корманди тиб, ки сабаби оқибатҳои вазнин мегардад, ҷавобгарӣ пурзӯр гардонида мешавад. Дар асоси моддаи 207-и ин Кодекс барои вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби бемории оммавӣ ё заҳролудшавӣ мегарданд, ҷавобгарӣ пурзӯр карда мешавад.
Ҳамзамон тибқи ин тағйирот минбаъд барои машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ё фаъолияти хусусии фармасевтӣ аз ҷониби шахсе, ки иҷозатнома надорад, ҷавобгариро пурзӯр менамояд. Барои ғайриқонунӣ ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, ғайристандартӣ, қалбакӣ ва дорувории муҳлати истифодааш гузашта ҷавобгарӣ тақвият дода мешавад.
Аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат инчунин Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баъди баррасӣ ҷонибдорӣ намуданд. Қонуни мазкур, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумон пешниҳод гардидааст, 5 декабри соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шуда буд.
Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии масъалаи мазкур зикр намуд, ки қонун бо мақсади тақвияти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи доруворӣ ва иловаҳои хӯроквории бесифату қалбакӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ қабул шудааст.
Таъкид гардид, ки қабули ин қонун аз натиҷаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш сарчашма гирифтааст.
Ба моддаи 121-уми Кодекс тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки тибқи он минбаъд барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ вобаста ба субъект аз 100 то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Барои такроран содир намудани чунин кирдор аз 200 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Илова бар ин, мутобиқи тағйиру иловаҳо, ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ мусодира карда мешавад. Айни ҳол барои чунин кирдор ҷарима мутаносибан аз 50 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад.
Аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат инчунин «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» -ро баъди баррасӣ ҷонибдорӣ намуданд. Тибқи ин тағйирот, моддаи 8—и қонун дар таҳрири нав ифода ёфта, минбаъд пешниҳоди эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ аз ҷониби довталабон ба мансабҳои давлатӣ пешбинӣ мегардад. Инчунин минбаъд пешниҳод накардани эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ барои ба мансаб таъйин накардан ё аз мансаб озод намудан асос мегардад.