БА ҲИСОР – БА ТАМОШОИ АСАРҲО ВА ТАРҲҲОИ МИЛЛӢ! Имрӯз дар ин ҷо Намоиши корҳои эҷодии донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оғоз гардид

Декабрь 1, 2018 13:34

ДУШАНБЕ, 01.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи таърихӣ ва  кишваршиносии шаҳри Ҳисор бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Намоиши асарҳои рассомӣ ва тарроҳии омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оғоз гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи Намоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода зимни  суханронии худ иброз намуд, ки донишкадаи мазкур дар тӯли 5 соли корӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. «Боиси ифтихор аст, ки Донишкадаи дизайн бо баргузории чунин намоишҳо фарҳанг ва тамаддуни бою рангини тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудааст», — изҳори хушнудӣ намуд ӯ.

Мавсуф иброз дошт, ки баргузории чунин намоишҳо барои эҳёи ҳунарҳои миллии халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси фарҳангдӯстиву ватанпарварии мардуми мо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб зикр кард, ки  ба роҳ андохтани чунин тадбирҳо  имкон медиҳад, то ки насли наврас дар руҳияи ваҳдату якдилӣ ва хештаншиносӣ тарбия ёбад.

Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл корҳои эҷодии омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давлати Кувайт муаррифӣ гардиданд ва баҳои баланд гирифтанд.

«Дар ин намоиш мусаввараҳои рассомони тоҷик, ки аллакай дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон иштирок намуда буданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Аз ин намоиши зебо зиёда аз 178 ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ боздид намуда, бо фарҳанги куҳанбунёди миллати мо ошно гардиданд», гуфт муовини аввали Вазири фарҳанги  Тоҷикистон Ибодулло Машраб.

Маврид ба зикр аст, ки дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 60 асари эҷодӣ аз ҷумла мусаввирӣ, манзаранигорӣ, нақшунигори миллӣ, кандакорӣ дар чӯб, миниатюра, амалҳои тарроҳии донишҷӯёне, ки дар риштаи дизайни Донишкада таҳсил доранд ба марази тамошо гузошта шуданд.

 

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории ин намоишгоҳ шиносоии насли ҷавон бо фаъолияти донишкада ва бо ин васила ҷалб намудани насли наврас ба санъати орошӣ мебошад.

«Мо санъат ва кори тарҳрезии донишкадаро ба намоишгоҳ оварда, ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Ҳисор расониданием, ки дар ҷумҳурӣ донишкадае ҳаст, ки рассомон, тарроҳон, ороишгарони корҳои амалиро омода мекунад», — гуфт номбурда.

Бояд гуфт, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли 2013 таъсис ёфта, дар давоми фаъолияти худ кадрҳои баландихтисосро омода намудааст. Дар донишкада ду факултет — факултети «Санъати тасвирӣ» бо кафедраҳои «Мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ», «Графика ва санъатшиносӣ», факултети «Дизайн» бо кафедраҳои «Дизайн», «Санъати ороиши амалӣ», «Технологияи иттилоотӣ ва иқтисод», «Тарҳрезии бадеии либос», инчунин  кафедраи «Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ» дар назди  раёсати донишкада ташкил гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи мазкур аз 1 то 10 декабри соли равон идома меёбад.

Декабрь 1, 2018 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид
«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад