Ба истифода додани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35-и ноҳияи Рӯдакӣ

Декабрь 21, 2018 10:44

ДУШАНБЕ, 21.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Дар деҳаи Шаҳристони ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 иштирок намуданд.

Бинои мактаб дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ  Абдухалил Ғуломов бо харҷи 21 миллион сомонӣ сохта  шудааст.

Дар мактаби нав асосан аҳолии синни мактабии деҳаҳои Шаҳристон ва қисман Меҳану Дарёобод ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Хотиррасон бояд кард, ки дар гузашта бо сабаби норасоии ҷойи нишаст ва технологияи муосири илмомӯзӣ дар раванди таълиму тарбия хонандагону омӯзгорони мактаб ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаби мазкур барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ  шуда, 22 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон дорад.

Синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ барои соҳибкасб гардидани духтарони деҳоти мазкур метавонанд нақши калон дошта бошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз хонандагони ин муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла  рушди бесобиқаи илму техника пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо- ин ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ифтитоҳи мактаби нав барои хонандагон туҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Ҳамаи синфхонаҳои мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидаанд ва дар ин баробар ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон кабинетҳои лингафонӣ бунёд шудаанд,  ки аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.

Мактаб ҳамчунин дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ барои 50 нафар, толори зебои маҷлис бо 180 ҷойи нишаст ва толори васею барҳавои варзишӣ мебошад.

Толори варзишӣ, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.

Дар ин мактаб ҳамчунин як буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда ба истифода дода шудааст. Таҷҳизоти гармидиҳанда имконият доранд, ки дар фасли зимистон тамоми мактабро бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин намоянд.

Ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 зиёда аз 3 гектарро ташкил медиҳад ва ҳамзамон дар фазои кушод майдончаҳои муосири варзишӣ, аз қабили футбол, баскетбол, волейбол ва теннис бунёд гардидаанд.

Дар шафати бинои мактаб ҳамчунин аз ҷониби соҳибкор  бо чуқурии 60 метр як чоҳи амудӣ канда шудааст, ки дар баробари таъмини мактаб сокинони деҳаи Шаҳристон низ аз оби нӯшокии он истифода мебаранд.

Баъди ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 дар саҳни ҳавлии мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат ифтитоҳи бинои нави мактабро ба сокинон муборакбод гуфта, ба шахсони саховатпеша барои амалӣ кардани иқдомҳои ибратбахш баҳри ободии Ватан изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Ба истифода додани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35-и ноҳияи Рӯдакӣ 21.12.2018

Декабрь 21, 2018 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4 шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар толори мошинҳо шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар Кони рақами 17 шинос шуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обқабулкунандаи доимӣ ва шахтаҳои дарвозаҳои он шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар рӯди Оби Шӯр шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар сарбанди Неругоҳи обии «Роғун» шинос гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-и НБО «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати интиқоли барқи 220 кВ аз НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун Маркази рушди малакаҳои касбиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон пуштибонии доимиро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуданд