Барқияи шодбошии Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Декабрь 25, 2018 17:09

ДУШАНБЕ, 25.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният табрикоти хешро ба Шумо дар робита ба якдилона қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо ибтикори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 190 кишвари аъзои СММ пешбарӣ гардид, изҳор менамоям.

Руйдоди мазкур қадаме бузург ва таҷассумгари эътимоди кишварҳои аъзои СММ нисбат ба Тоҷикистон, ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масоили об ва ҳомии раванди  ҷаҳонии амалисозии ҳадафу вазифаҳои марбут ба оби Рӯзномаи 2030 барои Рушди устувор маҳсуб меёбад.

Мутмаинам, ки кишварҳои аъзои СММ аз ваколатҳои нави қатъномаи мазкур ҷиҳати пешбурди фаъолияти муштаракамон дар самти об, аз ҷумла тариқи арзёбии миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, самаранок истифода хоҳанд намуд.

Бори дигар, барои садоқататон дар пешбарии ин самти муҳим изҳори сипос менамоям.

Лутфан ғояти эҳтироми маро, Ҷаноби Олӣ, қабул фармоед».

Декабрь 25, 2018 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025