Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 28.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосӣ – Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, боздид ба амал оварданд.
Муассисаи таълимӣ барои 550 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, айни ҳол дар он 305 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 33 нафар ятими кулл, 10 нафар бепарастор, 38 нафар бемодар ва 225 нафар бепадар буда, аз онҳо 78 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар ин ҷо 55 нафар омӯзгорону мураббиён бо маълумоти олии касбӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 41 нафарашон занон ва 36 нафарро кормандони хоҷагӣ ташкил медиҳанд.
Барои таъмини синфхонаҳо бо гармӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе системаи гармидиҳии мактабро пурра таъмир кардааст. Баҳри фароҳам овардани шароити муосири илмомӯзӣ роҳбарияти шаҳри Душанбе ба хонандагон як адад автобуси нав, барои ҳамаи синфхонаҳо тахтаи электронӣ, компютерҳои навтарин тақдим намуданд.
Ҳамин тавр муассиса бо 30 адад тахтаи электронӣ, 65 компютери корӣ, 11 ноутбук ва 76 адад камераҳои назоратӣ таъмин мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи варзиш ва ҷалби ҷавонон ба варзиш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ду майдончаи муосири варзишӣ бунёд карда шуд.
Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим, ки яке аз калонтарин муассисаи таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи “Мактаб — интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор” таъсис ёфтааст ва бо гузашти солҳо шароити будубоши он ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд.
Бо дастуру ҳидоятҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 соҳибкори ватандӯст, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов иқдом пеш гирифт, ки аз ҳисоби даромади софи корхонааш муассисаи таълимии мазкурро пурра аз таъмири асосӣ барорад.
Ҳамин тавр, дар рафти корҳои таъмиру навсозӣ бо маблағи зиёда аз 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҳудуди муассиса дар масоҳати 700 метри мураббаъ мумфарш гардид. Ошхонаи наву замонавӣ бо 450 ҷойи нишаст таъмир, барои 500 нафар мизу курсиҳо таъмин ва толори барҳавои маҷлис бо 350 ҷой бо нақшу нигори миллӣ ва гаҷкорӣ оро дода шуд.
Дар оянда соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов нақша дорад, ки барои бошандагони мактаб — интернат ҳавзи шиноварӣ, барои омӯзгорон хобгоҳи замонавӣ ва барои нигаҳдории маводи хӯрокворӣ сардхона ба истифода диҳад.
Бинои таълимии муассисаи мазкур бо ҳамаи шароити зарурӣ таъмин буда, дар се ошёнаи он 22 синфхонаи фаннӣ, 19 кабинети корӣ, 18 адад хонаи хоб бо 330 кат, 2 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 2 майдончаи варзишӣ, 1 толори барҳавои варзишӣ, 2 толори маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ин ҷо тарбиятгирандагон ҳамчунин имкон доранд, ки технологияи муосири компютерӣ ва забонҳои хориҷиро дар сатҳи зарурӣ аз худ намуда, аз озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ ва толори фарҳангӣ ба таври васеъ истифода намоянд.
Баъди шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанпарвар Маҳмудҷон Муродов барои дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар, иқдомҳои башардӯстонаи Сарвари давлат ва анҷоми корҳои хайр изҳори сипос карданд.
Пас аз боздид аз синфхонаҳо ва дигар шароити таълиму зисти бошандагони мактаб — интернат дар толори зебову мунаққаш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагон мулоқоти самимӣ доир карда, оид ба таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат нисбат ба табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ андешаронӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як нафар тарбиятгирандаи мактаб — интернати рақами 1 туҳфаҳо, аз қабили сару либоси зимистона, шириниҳо ва дигар лавозимоти хониш тақдим карданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2004, 2012 ва 2013 ба аёдати бошандагони Мактаб — интернати рақами 1 омада, бо шароити таълиму зисти онҳо шинос шуда буданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд






