Дар Душанбе ҷаласаи якҷояи ММ ва МН МО доир мегардад, ки дар он Президенти мамлакат ба Парлумон Паём мефиристанд

Декабрь 24, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 24.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 декабр дар шаҳри Душанбе   ҷаласаи ҳафтуми  якҷояи Маҷлиси  миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати панҷум баргузор мегардад.

Дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат Паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манзур менамоянд.

Аз палатаи болоии Парлумони  мамлакат ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, ки  аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзҳои  25 декабр   аз соати 8:00 то соати 17:00  ва 26 декабр аз соати  7:00 то 8:00  дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи якум  номнавис мегарданд.

Телефонҳо барои тамос: 221-18-62, 221-89-35.

Декабрь 24, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон