Дар Душанбе дар мавзӯи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва равандҳои муосири рушди ҳуқуқи инсон: мушкилот ва дурнамо» конфронси байналмилалӣ доир гардид

Декабрь 8, 2018 11:50

ДУШАНБЕ, 08.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 70-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳти унвони «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва равандҳои муосири рушди ҳуқуқи инсон: мушкилот ва дурнамо» конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронси мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва олимону донишмандони соҳа иштирок намуданд.

Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқ Дилшод Раҳмон нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсонро баланд арзёбӣ намуд.

«Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд»,- илова намуд  Дилшод Раҳмон.

Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Ҷаҳонгир Саъдизода иброз дошт, ки ҳадаф аз  баргузории конфронси мазкур баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

«Эъломияи умумии ҳуқуқи башар яке аз санадҳои муҳими байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва аз ҷониби СММ қабул карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки бо раванди инкишофи ҷаҳон ҳар давлат Конститутсияи худро қабул менамояд. Қабули ин санади муҳими давлатӣ, пеш аз ҳама, бо истифода аз таҷрибаи Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда мешавад»,-илова намуд Ҷаҳонгир Саъдизода.

Бояд гуфт, ки 5 ноябри соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикӣ ба муносибати 13-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст. Чуноне ки аз эъломияи Куруши Кабир — аввалин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният ва маҳсули хирад ва таҷрибаи ниёгони мо бармеояд, миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём ҳамеша барои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва зиндагии орому осуда талош доштааст».

Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар маҷмӯи масъалаҳои зиёди ҳуқуқӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар мегирад. Ин санади байналхалқӣ имрӯз ба зиёда аз 500 забони дунё тарҷума ва нашр шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил гардидааст. Матни пурраи эъломия бо забони тоҷикӣ дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид ҷойгир карда шудааст.

Соли 1966 ҷоизаи СММ дар самти ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд, ки барои корҳои дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон анҷомдодашуда ба як нафар ё ин ки ба як ширкат дода мешавад. Ин ҷоиза дар панҷ сол як маротиба супорида мешавад ва аввалин  маротиба он ба муносибати 20-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1968 тақдим карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар конфронс қариб 60 нафар оид ба паҳлӯҳои гуногуни қонунгузории мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон маърӯза намуданд.

Декабрь 8, 2018 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад