Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иншооти нав бунёд гардид

Декабрь 27, 2018 18:12

ДУШАНБЕ, 27.12.2018 /АМИТ «Ховар»/.  27 декабр  бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки бо тарҳи хосса бунёд гардидааст, ба истифода дода шуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  сохтмони иншооти мазкур бо фармоиши Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе соли 2017 оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, корҳои сохтмон ва васлу насб аз ҷониби ҶДММ «Сабр-Аф» амалӣ гардидаанд.

Маблағи умумии корҳо тақрибан 4 миллион сомониро дар бар гирифтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз се ошёна ва болохона иборат буда, дар он баҳри фаъолияти кормандон 7 утоқи корӣ, 8 ҳуҷраи истиқоматии кормандон, иншооти ёрирасони соҳа, бойгонӣ, анбор ва толори варзишӣ мавҷуд мебошанд.

Бинои хуштарҳу замонавӣ дар масоҳати 2100 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои шароити беҳтарини фаъолият ва истиқомати кормандон мебошад.

Зимни боздид Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, зикр намуд, ки фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти пурзаҳмату шабонарӯзии кормандони амният дар пешгирии  ҷинояткорӣ нақши муҳим  мегузорад.

Дар бинои мазкур  ба кормандони ин ниҳод шароити шоистаи фаъолият муҳайё гардида, утоқҳои корӣ бо мизу курсиҳои муосир, компютер ва дигар лавозимоти замонавӣ таҷҳизонида шуда, ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо ҷиҳоз ва  дигар лавозимоти рӯзгор таъмин шудаанд.

Иншооти мазкур бо инобати талаботи муосир бунёд гардида, дар он низоми камераҳои мушоҳидавӣ, огоҳӣ аз сӯхтор ва алоқаи шаҳрӣ таъмин гардидааст.

Ҳамчунин низоми дохилии гармидиҳанда пурра васлу насб гардида, дар сурати гузаронидани қубури магистралӣ дар ин минтақа ба шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе пайваст карда мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар назди кормандони соҳа сухан гуфта, ҳозиринро бо ҷашни касбии кормандони мақомоти амнияти миллӣ табрику шодбош гуфт. Мавсуф бунёди чунин биноҳои замонавии кориро натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи давлату ҳукумат ва эътимоди баланду ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат ба кормандони ин ниҳоди қудратии кишвар унвон кард.

Декабрь 27, 2018 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд