Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов дар арафаи Рӯзи кормандони амнияти миллӣ бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти хизматӣ соли 2017 оғоз гардида, дар муддати 1 сол пурра ба анҷом расонида шуданд.
Лоиҳаи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабр-Аф» ба анҷом расонида шудаанд.
Имрӯз беҳсозии шароити хизматӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансурро туҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи кормандони амнияти миллӣ барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат арзёбӣ кард.
Бинои мазкур аз 4 ошёна, аз ҷумла, 8 ҳуҷраи корӣ, бойгонӣ, анбор, ҳаммом, толори варзишӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Фармоишгари иншоот Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинои нав бо маблағи зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Ҳамзамон дар иншооти мазкур низоми гармидиҳии дохилӣ пурра васлу насб гардидааст. Ҳудуд ва атрофи бино тибқи меъёрҳои амниятӣ бо деворҳои муҳофизатӣ иҳота гардида, дар он низоми камераҳои мушоҳидавӣ, огоҳкунӣ аз сӯхтор ва алоқаи шаҳрӣ насб шудаанд.
Ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва гулу буттаҳо атрофи иншоотро зебову назаррабо намудаанд.








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






