Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва баҳогузории Қазоқистон шартнома ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 03.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Инкишофи қонунгузорӣ, рушди қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ дар замони муосир, муаммоҳои такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, роҳҳои такмили амалияи таълими фанҳои ҳуқуқшиносӣ аз масъалаҳое буданд, ки охири ҳафтаи гузашта дар конференсияи байналмилалии илмӣ-методӣ таҳти унвони «Масоили мубрами илми ҳуқуқшиносии муосир ва роҳҳои ҳалли онҳо: назария ва амалия» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Конференсияи байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон /ДДҲБСТ/ доир гардида, дар кори он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.
Иштирокдорон пеш аз ҳамоиш аз дастоварди олимону устодон ва донишҷӯён, фаъолияти марказҳо ва озмоишгоҳҳои амалкунандаи донишгоҳ дидан карданд. Ректори донишгоҳ профессор Мумин Шарифзода зикр намуд, ки «баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ дар шароити имрӯзаи кишвари соҳибистиқлоламон ҷиҳати ташаккули мафкураи ҳуқуқии ҷомеа, татбиқи қонунҳо, инкишоф ва ташаккули қонунгузорӣ, хосатан ҳалли масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ бо назардошти раванди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳони муосир саҳмгузор хоҳад шуд».
Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода доир ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ сухан карданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов, директори Агентии мустақили аккредитатсия ва баҳогузории Ҷумҳурии Қазоқистон Алина Жумагулова, дотсенти Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абулҳай Муминов, мушовири лоиҳаи муштараки Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва СММ Мирзатилло Тиллабоев, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Беҳрӯз Қурбонзода ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ Бахтиёр Самадов маърӯза намуданд.
Зимни марӯзаҳо масъалаҳои инкишофи қонунгузорӣ, роҳҳои такмили амалияи таълими фанҳои ҳуқуқшиносӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми бахши ифтитоҳӣ байни донишгоҳ ва Агентии мустақили аккредитатсия ва баҳогузории Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ташкил ва аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия), ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз шартнома ба имзо расид.
Ҳадафи баргузории ҳамоиши байналмилалӣ муайян намудани асосҳои назариявӣ ва амалии муаммоҳои илми ҳуқуқ, дарёфти роҳҳои такмили методикаи таълими ҳуқуқшиносӣ, ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи ҳуқуқ дар муайян намудани дурнамои рушди он арзёбӣ мегардад.










Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






