Ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Россия аз сӯхтор дар манзили истиқоматиашон ба ҳалокат расиданд

Декабрь 27, 2018 14:30

ДУШАНБЕ, 27.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабри соли 2018 тақрибан соатҳои 07:30 дар деҳаи Старие Кандрии ноҳияи Туймазии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Додова Амина Раҳимҷоновна, соли таваллудаш 26 ноябри соли 2014 ва Додова Амриниссо Раҳимҷоновна, соли таваллудаш  9 апрели соли 2016, зодагони ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати фавқулода — сӯхтори хонаи истиқоматӣ дар рахти хобашон ба ҳалокат расидаанд.

Тавре сардори маркази матбуоти  Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов  ба  мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод,  санаи зикршуда  кормандони Хадамоти оташнишонии ВҲФ Федератсияи Россия дар ноҳияи Туймазӣ сари вақт огоҳ гардида, ба ҷойи ҳодиса ҳозир мегарданд. Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ онҳо аз сабаби оташ гирифтани тамоми атрофи хонаи истиқоматӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро наҷот  дода натавонистанд.

Тибқи иттилои манбаъ, корманди Намояндагӣ оҷилан қазияи мазкурро мавриди пайгирӣ қарор дода, баҳри муайян кардани шахсияти фавтидагон бо муовини сардори шуъбаи кумитаи тафтишотии ноҳияи Туймазии Ҷумҳурии Бошқирдистон  Нигматулин Илнар Наилович (8-347-827-20-62 корӣ) тамос гирифта,  бо шахси мутасаддии тафтишоти  ин ҳодисаи нохуш- муфаттиши шуъбаи тафтишотӣ Артур Ринатович (8-927-234-22-82 дастӣ) ҳамсуҳбат гардид.

Зимни суҳбат муайян гардид, ки дар ҳақиқат ҳодисаи нохуш сар зада,  нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Айни ҳол аз ҷониби мақомоти дахлдор корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Зимни ин  мулоқот аз ҷониби Намояндагӣ хоҳиш карда шуд, ки барои ҳарчи зудтар интиқол додани фавтидагон ба Ватан кумаки худро дареғ надоранд. Корманди Намояндагӣ ҳамчунин бо падару модари  фавтидагон — Додов Раҳимҷон Маҳмадович ва  Ҷӯраева Замира Ҳасановна, истиқоматкунандагони ноҳияи ба номи А.Ҷомии вилояти Хатлон  ҳамсуҳбат гардид.  Аз суҳбат бо  онҳо дақиқ гардид, ки  ҳангоми сар задани сӯхтор  падари фавтидагон бо падарарӯсаш дар ноҳияи Алметаи шаҳри Қазон барои пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Россия қарор дошта, модарашон дар утоқи дигари хонаи истиқоматӣ хоб будааст. Модари онҳо  ҳангоми огоҳ гаштан аз сӯхтор  имконияти наҷот додани фарзандонашро надоштааст.

26 декабри соли 2018   фавтидагон аз ҷониби волидайн дар ноҳияи Туймази   Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия ба хок супорида шуданд.

Декабрь 27, 2018 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид