Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард: сарҳади Душанбе тағйир дода шавад

Декабрь 18, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 18.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор гардид. Иҷлосия таҳти  раёсати  Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд.  Ба Рӯзномаи иҷлосия  4 масъала, аз ҷумла, ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2018, лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2019 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2017, дар бораи тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардид.

Вакилон нахуст ҳисоботро  «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2018  шуниданд. Зимни пешниҳоди ҳисобот, аз ҷумла гуфта шуд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар семоҳаи сеюми соли 2018 ба 9,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 6,7% фоиз зиёд буда, саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,5 фоизро ташкил дод.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо 6 миллиард сомониро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта  19,4 % афзоиш ёфтааст.

Зимни таҳлилу баррасии масъалаи мазкур Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вакилони халқро ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр давоми 11 моҳи соли 2018 ҷалб намуда, ба  масъулин  ва роҳбарони сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии пойтахт  дастуру супоришҳои мушаххас  доданд.

Иҷлосия буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2019-ро қабул ва аз рӯйи нишондиҳандаҳо даромад ва хароҷоти буҷети шаҳрро муайян намуд. Ҳамчунин иҷрои буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2017 тасдиқ гардид.

Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳри Душанберо ҷиҳати таъмини иҷрои пурра ва бечунучарои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019, дарёфти сарчашмаҳои нав ва зиёд намудани даромади буҷет, назорати истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ҷамъоварии андозҳо ва таъмини пурраи андозбандӣ, инчунин баланд бардоштани интизоми андозсупорандагон вазифадор намуд.

Дар идомаи кори иҷлосия пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе, ки бо Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоту сохторҳои дахлдор мувофиқа шудааст, баррасӣ гардида, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо қарори иҷлосия ҷиҳати тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе розигӣ дод.

Тибқи санади мазкур, сарҳади шаҳри Душанбе тағйир дода шуда, аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони умумии 7,6 ҳазор гектар қитъаи замин ба ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе ворид карда мешавад.

Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як зумра қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ таъкид дошт, ки соли 2018  бо тамоми ёддоштҳо ва навгониҳои зиёд барои ҷумҳурии  мо, бахусус барои пойтахти мамлакат  соли хотирмон буд.

Мояи ифтихор аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази сиёсиву фарҳангии мамлакат макони баргузории чорабиниҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ гардида, чун ҳамеша симои худро ба яке аз шаҳрҳои муосири замонавӣ ва дорои имкониятҳои дастраси шаҳрнишинӣ табдил дода, ҳамчун шаҳри амну бехатар ва аз ҷиҳати инфрасохтор зудрушдкунанда муаррифӣ гардид.

Раиси шаҳр аз вакилони халқ,  роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳои пойтахт талаб кард, ки бо инобати дастовардҳои соли 2018 дар соли нави 2019 ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе баҳри таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ ва ободонии шаҳр, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагӣ  ба тамоми қишрҳои ҷомеа чораҷӯӣ карда, бо инобати баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ доир ба ҳамеша тозаву озода  нигоҳ доштани шаҳр, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, таъмини фарҳанги шаҳрнишинӣ, тақвияти корҳои ниҳолшинонию  сабзазоркунӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар пойтахт мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрдорӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намоянд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Декабрь 18, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Имрӯз Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад