Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар ноҳияи Рӯдакӣ

Декабрь 21, 2018 13:26

ДУШАНБЕ, 21.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 21 декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.

Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту  аёнияти дарсӣ  таъмин гардидаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуршед Машрабов бунёд ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ ин соҳибкор бунёди муассисаи мазкурро ба зимма гирифта буд ва сохтмони ин иншоот дар зарфи як сол пурра анҷом дода шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дорои 23 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбҳои гуногун дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудаанд, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешаванд. Ҳамзамон як синфхонаи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шуда, 8 утоқи дигар барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ бунёд гардидааст. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, ҳамчунин муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой мебошад.

Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ҳамчунин барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин  мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи алоҳидаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият мекунад, пайваст гардидааст. Барои иншооти мазкур хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва барқ  кашонида шуда, ҳамчунин трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамонияти  неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб гардидааст.

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкор дар масоҳати 1 гектар варзишгоҳи замонавӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ зебу оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст.

Қобил ба тазаккур аст, ки бинои қаблии Муассисаи таълимии №7-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 1958 бунёд ёфта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва шароити мусоиди таълимӣ ҳалли худро ёфт. Акнун онҳо метавонанд дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ба дарсомӯзӣ машғул гарданд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассисаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи ноҳияи Рӯдакӣ суханронӣ карда, ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро ба онҳо таҳният гуфтанд. Пешвои миллат ҳамчунин аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳо ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созанда ба камол расанд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар ноҳияи Рӯдакӣ 21.12.2018

Декабрь 21, 2018 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуданд
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд