ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид шуда, боридани борону барф дар назар аст

Декабрь 8, 2018 08:45

ДУШАНБЕ, 08.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  шуда,   боридани борону барф  дар  назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз -1+4 то 0-5, рӯзона  1+6  ва дар шарқи ин вилоят шабона -14-19  ва рӯзона 0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8    метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6  ва рӯзона  8+13  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  боридани борон ва дар баландиҳои 2200 м барф дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона +10+15   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф дар назар аст.  Ҳарорат шабона ба 2+7  ва рӯзона  ба  10+15  дараҷа  мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда   шуда, рӯзона боридани борон дар назар аст. Ҳарорат  шабона 5+7  ва рӯзона +12+14  дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 8, 2018 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд