Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд

Декабрь 27, 2018 17:08

ДУШАНБЕ,  27.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба табрики варзишгарону ҷавононе, ки соли равон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода омаданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, Азим Иброҳим зимни сухани табрикӣ изҳор дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш сол то сол рушд мекунад. Имсол бо Амри Президенти кишвар аз 25 декабр 76 нафар ба гирифтани Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ сазовор мегарданд. Бо ин мақсад аз Фонди захиравии Президенти мамлакат 931 250 сомонӣ ҷудо гардид.

Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  имсол, аз ҷумла насиби ҷоизадорони Бозиҳои Осиё – Дилшод Назаров, Шаҳриёр Даминов, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Шакармамад Мирмамадов, ғолибон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳону Осиё – Моҳру Ҳалимова, Идимоҳ Холова, Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Хайёмиддин Ҷабборов, Давлаталӣ Назаралиев, Ғаниҷон Ғаниев, Эмомризо Қурбонов, Азмуддин Ваҳҳобов, Бахтовар Ҳасанов, Ҳабибҷон Зуҳуров, Фирӯз Мирзораҷабов, Асламҷон Азизов, Раҳмонҷон Маҳмадбеков, дастаи футболи наврасони кишвар, Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Сорбон Латипов ва дигарон гардид. Ҳар яки онҳо аз 6 ҳазор сомонӣ то 140 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Дар маросим дар баробари тақдими Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз рӯи 13 номинатсия беҳтаринҳои соҳа эълон гардиданд:

Беҳтарин варзишгари сол (намудҳои олимпӣ):

ДИЛШОД НАЗАРОВ (ҷои дуюм дар Бозиҳои Осиё, ҷои якум дар ҷоми қораҳои IAAF, ҷойи якум дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук дар Бразилия, ҷои сеюм дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Полша).

Беҳтарин варзишгари сол (намудҳои ғайриолимпӣ)

ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ (қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо дар Бухарести Руминия).

Беҳтарин варзишгари сол миёни ҷавонон

ШАҲРИЁР ДАМИНОВ (ҷои дуюм дар Бозиҳои Осиё, ду медали тиллои чемпионати Осиё миёни ҷавонон, ду медали биринҷӣ дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар ҳайати даставӣ оид ба қайиқронӣ) .

Беҳтарин варзишгарбонуи сол

ИДИМОҲ ХОЛОВА (ҷои дуюм дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон)

Беҳтарин дастаи мунтахаби сол

ТИМИ ФУТБОЛИ НАВРАСОН (U-16) (ҷои дуюм дар чемпионати Осиё)

Беҳтарин мураббии сол

ЗАЙНИДДИН РАҲИМОВ (зери роҳбарии ӯ дастаи футболи наврасони кишвар медалҳои нуқраи чемпионати Осиёро сазовор гардида, ба чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу роҳхат гирифт.)

Беҳтарин федератсияи варзишии сол (намудҳои олимпӣ)

ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

Беҳтарин федератсияи варзишии сол (намудҳои ғайриолимпӣ)

ФЕДЕРАТСИЯИ САМБОИ ТОҶИКИСТОН

Беҳтарин шаҳр/ноҳияи варзишӣ

ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Беҳтарин расонаи хабарии варзишӣ

ТВ “ВАРЗИШ”

Беҳтарин шореҳи варзиши сол

АЛӢ ШАРИФ (ТВ “Варзиш”)

Беҳтарин иншооти варзишии сол

МАҶМААИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Беҳтарин муассисаи варзишии сол

МД “МАРКАЗИ ОМОДАГИИ ОЛИМПИИ ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ”

Инчунин 23 нафар мураббиён ва варзишгароне, ки меъёрҳои “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон”, “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон” ва “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро иҷро намудаанд, бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардиданд.

Декабрь 27, 2018 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистонро дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 65 варзишгар намояндагӣ мекунанд
ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) нахустин бозии худро мегузаронад
Дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе майдончаи варзишии футбол ифтитоҳ гардид
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо иштирокдорони шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 вохӯрӣ доир гардид
«Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои бозӣ бо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ба шаҳри Бағдод сафар кард
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол барои Ҷоми ҷаҳон-2025 муайян гардид
Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи тиллоии оинномаи футболи оммавии КФО дархост ирсол кард
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сафо»-и Лубнон бозӣ мекунад
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини қазоқ кураш дар Қазоқистон соҳиби чор медал гардиданд
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 19 адад расид
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 15 адад расид
«Истиқлол» бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар бозии охири даври 20-уми Лигаи олии Тоҷикистон ғолиб омад