Паёми Пешвои миллат омили рушди мамлакат мебошад

Декабрь 28, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 28.12.2018/АМИТ «Ховар»/. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди кишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд. Ин матлаб дар ҷамъомаде, ки  дирӯз дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар мавзӯи «Дастгири ғояҳои созандаи Паёми Пешвои миллат бошем» баргузор шуд баён гардид.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода, муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода ва вакили Маҷлиси намояндагон Муродулло Давлатов самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро шарҳ доданд.

Зикр гардид, ки рушди иқтисоди  кишвар, пеш аз ҳама, ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ вобаста буда, бе кадрҳои соҳибихтисоси коргарӣ имконнопазир аст. Дар ин росто, такмили қонунгузории соҳа вобаста ба талаботи рӯз дар самти омода намудани мутахассисони касбҳои коргарӣ супориши Паёми Пешвои миллат буда, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон зикр шуд, ки дар марҳилаи ҳозираи таърихӣ арзишҳои миллӣ  аҳамияти махсус пайдо намудаанд. Тарбияи ҷавонони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, истифодаи самараноки  иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа буда, масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Мавриди зикр аст, ки 26 декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат Паём манзур намуданд, ки фарогири  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Декабрь 28, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд