Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2018 12:21
26.12.2018, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.

Ба ин дастовард мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нӯҳ моҳ беш аз дуюним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.

Соли ҷорӣ мо барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ пешбинишуда қадамҳои устувор гузоштем.

Дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид.

Даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли гузашта 9 фоиз афзуд ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфт.

Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид.

Шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 миллион нафари соли 1990 ба 9,1 миллион нафар дар соли 2018 расид ва дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад.

Ин аз мо тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем.

Мо бояд барои беҳтар намудани некӯаҳволии мардум обу заминро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маводи ғизоиро зиёд намоем.

Аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, инчунин, нафақа ва стипендия то 15 фоиз баланд бардошта шуд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои амалӣ намудани ин иқдом дар соли 2019 1,2 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Дар асоси барномаҳои қабулгардида мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд.

Яъне мо бояд бо роҳи зиёд кардани қисми даромади буҷет солҳои дигар низ маошу нафақаро баланд бардорем.

Дар назар бояд дошт, ки қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида мешавад, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад.

Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда дар соли 2019 афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018 13 фоиз, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 7 фоиз ва таваррум дар сатҳи на зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ на кам аз 10 фоиз афзоиш меёбад.

Барои босифат иҷро шудани ин вазифаҳо, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пайомадҳои иқтисодиву иҷтимоии раванди тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, вазъи бозорҳои молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳоро мунтазам таҳлил карда, ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии чунин омилҳо ба иқтисоди миллии мо тадбирҳои заруриро амалӣ гардонад.

Ҳамчунин, дар самти муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, таъмин намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, корхонаҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ чораҳои қатъӣ андешад.

Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки стратегияи идоракунии молияи давлатиро бо дарназардошти афзалиятҳои кишвар, иҷрои сифатноки қисми даромад ва хароҷоти буҷет, шаффофияти хароҷоти он, инчунин, пешниҳоди нақшаҳои дурнамои ислоҳот дар ин самтҳо татбиқ намояд.

Бояд зикр кард, ки низоми бонкӣ дар таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, бахусус, пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои кории нав ва васеъ намудани манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ нақши муҳим мебозад.

Дар 11 моҳи соли 2018 аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 7 миллиарду 250 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201 миллион сомонӣ ё 3 фоиз зиёд мебошад.

Вобаста ба ин, Бонки миллиро зарур аст, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарз ба бахши хусусӣ ва махсусан, ба соҳаҳои истеҳсолӣ, нигоҳ доштани суботи низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасониҳо, омода кардани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо чораҳои қатъӣ андешад.

Илова бар ин, амалияи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар вусъат бахшида, ин тартиб соли 2019 дар пардохти хизматрасониҳо ва низоми савдо ба таври васеъ ҷорӣ карда шавад.

Соли 2018 ҳиссаи пули нақде, ки берун аз низоми бонкӣ дар муомилот қарор дорад, дар гардиши умумии пулии кишвар 64 фоизро ташкил кард.

Бо дарназардошти равандҳои муосир, мо бояд корро ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ вусъат бахшем.

Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ — индустриалӣ ба индустриалӣ — аграрӣ амалӣ гардонида истодаем.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт.

Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.

Барои расидан ба ин мақсад бояд амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, самаранокӣ ва сифати онҳо таъмин карда шавад.

Бинобар ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти худро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ вусъат бахшанд ва доир ба вазъи иҷрои корҳо ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.

Мавҷуд набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб мебошад.

Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад ва сохторҳои марбута дар давоми як моҳ тартиби татбиқи имтиёзи мазкурро муайян намоянд.

Тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон доданд, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш дода шавад.

Соли ҷорӣ аз 20 номгӯйи молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда афзоиши истеҳсоли 15 номгӯйи он таъмин гардид.

Вале ба рақобат тобовар набудан ва баланд будани арзиши аслии маҳсулоти баъзе корхонаҳо, номукаммал будани роҳҳои ҳифзи манфиатҳои содироткунандагон дар хориҷи кишвар то ҳол ба таъмин намудани гуногунсамтии истеҳсолот ва содирот мусоидат накарда истодааст.

Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамкории судмандро ҷиҳати васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ ва транзитии мамлакат дар самти интиқоли транзитии молу маҳсулот ва ташкили «долонҳои сабз» бо кишварҳои ҳамсарҳад ба роҳ монад.

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро ҷиҳати муаррифӣ кардани маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, дарёфти бозорҳои содирот, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар хориҷи кишвар тақвият бахшанд.

Вакилони муҳтарам!

Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим мусоидат карда истодааст.

Ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.

Мо барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамкориро бо шарикони рушд минбаъд низ идома медиҳем ва сармояи мустақими ҷалбшударо ба ворид намудани техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ равона мекунем.

Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро доир ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ вусъат бахшад.

Ман андешаҳои худро оид ба бисёр масъалаҳои афзалиятнок, аз ҷумла танзими низоми иҷозатдиҳӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва маъмурикунонии андоз 15 октябри соли ҷорӣ дар Форуми соҳибкорӣ баён карда, масъулонро барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта вазифадор намудам.

Дар асоси натиҷаҳои дар ҷараёни форум бадастомада нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст ва сохтору мақомоти масъул бояд иҷрои онро назорат ва таъмин намоянд.

Ҳоло дар кишвар барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар асоси арзёбии хавфҳо ба роҳ монда шудаанд.

Вале талаботи қонунгузории соҳа аз ҷониби баъзе мақомоти санҷиш на ҳама вақт риоя мегардад.

Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд.

Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд.

Ҳамчунин, бо мақсади таъмин намудани риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешад.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, чораҳои зарурӣ андешад.

Дар баробари ин, барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”-ро таҳия ва пешниҳод намояд.

Инчунин, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад.

Ҳамватанони азиз!

Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд.

Аз оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ, танҳо соли 2018 3,9 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст ва соли 2019 ба ин мақсад қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад.

Моҳи сентябри соли 2018 мо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон»-ро бо иқтидори 1500 киловатт ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба истифода супоридем, ки ба шарофати он талабот ба нерӯи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурра таъмин карда шуд.

Ҳоло асосноккунии техникии ду нерӯгоҳи барқи обии дигар дар ин минтақа, яъне Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – “Санобод” ва “Себзор” бо иқтидори умумии 211 мегаватт омода гардида, корҳо доир ба дарёфту ҷалби сармоя бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ идома доранд.

Ҳукумати кишвар, дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии нав, ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд

Зеро дар ҳолати таҷдид накардани як қатор нерӯгоҳҳо, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият карда истодаанд, самаранокии истеҳсолии онҳо коҳиш меёбад.

Бинобар ин, ҳоло таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад ва соли 2019 таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” дар ҳаҷми 1,9 миллиард сомонӣ ва марҳалаи якуми таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

Баъди таҷдиди пурра тавоноии ин се нерӯгоҳ нисбат ба ҳаҷми воқеии имрӯзаи онҳо, дар маҷмӯъ, 840 мегаватт афзоиш меёбад.

Танҳо бунёди нерӯгоҳи “Роғун” имкон медиҳад, ки умри нерӯгоҳи “Норак” садсолаҳо дароз карда шавад.

Ин чунин маънӣ дорад, ки ба обанбори “Норак” аз нерӯгоҳи “ Роғун” оби таҳшиншудаи соф дохил мегардад ва обанбори “Норак” аз гилу лой пур намешавад.

Илова бар ин, тавоноии нерӯгоҳҳои амалкунандаи масири дарёи Вахш 4 миллиард киловатт — соат меафзояд.

Барои боз ҳам устувор гардонидани низоми энергетикии кишвар кор доир ба татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 оғоз гардидааст, ки маблағи умумии он қариб 11 миллиард сомонӣ (қисми Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ) буда, соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамчунин, худи ҳамин сол барои фаъолияти самараноки нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дастгоҳи муосири тақсимкунандаи элегазӣ, яъне зеристгоҳи барқӣ ба маблағи 530 миллион сомонӣ, хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (“Роғун – Душанбе”) ба маблағи қариб 750 миллион сомонӣ ва 220 — киловолтаи «Айнӣ — Рӯдакӣ» ба маблағи 250 миллион сомонӣ ба истифода супорида шуданд.

Соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт — соат нерӯи барқ содирот кардем.

Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ислоҳоти идоракунии соҳа, яъне таҳияи низоми нави ҳисоби хароҷоти истеҳсолу интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ва бо истифода аз низоми электронӣ ҷорӣ намудани механизми муосири баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда бояд тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷо бо Ширкати “Барқи Тоҷик” вазифадоранд, ки ҷиҳати кам кардани талафоти нерӯи барқ чораҳои қатъӣ андешанд.

Вобаста ба масъалаҳои рушди энергетика мехоҳам таъкид намоям, ки истифодаи иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмин намудани кишварҳои минтақа бо нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза- яке аз асосҳои рушди “иқтисоди сабз”- метавонад ба кам гардидани партовҳои гази карбон ба атмосфера мусоидати ҷиддӣ намояд.

Ҳоло Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ доир ба истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад.

Кишвари мо имконият дорад, ки баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз лиҳози фоизи истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд.

Ин саҳми Тоҷикистон дар ҳалли яке аз мушкилоти глобалӣ – кам кардани партовҳои гази карбон ба ҳавои атмосфера ва коҳиш додани оқибатҳои манфии гармшавии иқлим хоҳад буд.

Дар робита ба ин, ҳамчунин, зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем.

Хотирнишон месозам, ки ҳифзи муҳити зист, дар айни замон, яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави он аз кӯҳҳо иборат аст, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳаммияти бузург доранд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд.

Танҳо соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расонида шуд.

Ҳоло дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии 7,5 миллиард сомонӣ 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст.

Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид.

Минбаъд Ҳукумати кишвар бояд доир ба тавсеаи минбаъдаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, навсозии заминаҳои моддиву техникӣ ва таҷдиди паркҳои нақлиётӣ, инчунин, афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешад.

Ҳамчунин, бо мақсади афзоиш додани ҳамлу нақли одамон ва ҳаҷми боркашонӣ бо дарназардошти мавқеи мусоиди ҷуғрофии Тоҷикистон ҷиҳати ба масири транзити ҳавоӣ табдил додани кишвар чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард сомонии соли 2000 ба 21,3 миллиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст.

Дар баробари ин, зарур аст, ки барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба масъалаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ диққати бештар дода шавад.

Ҳоло ҳиссаи ночизи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард шуда, имкониятҳои мавҷуда, алалхусус, дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаи нассоҷӣ ба таври кофӣ истифода нашудаанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ солҳои охир ҳамагӣ 10-12 фоизи нахи пахта дар дохили кишвар коркард мешавад.

Соли 2018 содироти нахи пахта назар ба соли гузашта ду баробар афзудааст.

Бинобар ин, бояд аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимамалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти он чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешида шаванд.

Ҳамчунин, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои барномаҳои қабулшудаи соҳаро таъмин карда, доир ба корҳои иҷрошуда ҳар шаш моҳ ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намоянд.

Илова бар ин, зарур аст, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ мунтазам зиёд карда шавад.

Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар кишвар 135 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор гектар зиёд шудааст.

Яъне ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ замин тақсим карда дода шудааст ва ба ҳисоби миёна беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилиашонро беҳтар кардаанд.

Бо ин мақсад дар 70 соли то замони истиқлолият ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин тақсим карда шуда буд.

Мо бояд азхудкунии заминҳои навро вусъат бахшида, майдони заминҳои корамро зиёд, яъне майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ беруншударо барқарор кунем, то ин ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин намоем.

Қабули “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025”, ки ҳадафи асосии он гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барои ҳалли мушкилоти об дар кишвар ба ҳисоб меравад, иқдоми саривақтӣ буда, яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ мебошад.

Зеро об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии саломатии инсон мебошад.

Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузориро дар самти обтаъминкунии аҳолӣ дар ҳаҷми 2,4 миллиард сомонӣ оғоз кардааст, ки 50 фоизи онҳо то имрӯз амалӣ гардидаанд.

Дар самти кишоварзӣ ва обёрии замин 35 лоиҳа ба маблағи умумии 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Аммо чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, зиёда аз 80 фоизи маблағ барои рушди шабакаҳои обрасонии маркази шаҳру ноҳияҳо равона мегардад.

Зарур аст, ки ба ҳалли ин масъала дар деҳот низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, зеро беш аз 73 фоизи аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунад.

Мо бояд таъсири рӯзафзуни оқибатҳои тағйирёбии иқлимро ба вазъи корҳо дар самти расидан ба идораи устувори захираҳои об ҳамеша дар мадди назар дошта бошем.

Маълум аст, ки тағйироти глобалии иқлим ба ҳаҷми захираҳои оби нӯшокии тоза ва сифати он таъсири манфӣ расонида, кишварҳо ва минтақаҳои мухталифи оламро ба вазъи ташвишовари экологӣ дучор месозанд.

Дар баробари ин, бар асари зиёд шудани аҳолӣ дар минтақаи мо ва умуман, дар сатҳи глобалӣ, талабот ба захираҳои об босуръат афзоиш меёбад.

Ин ду омил дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯиро мегузорад.

Зимнан, таъкид менамоям, ки сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об, дар айни замон, ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст.

Мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.

Такроран таъкид месозам, ки истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 миллиард метри мукаабро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии даҳсолаи амал барои об тасмим гирифта шуд, ки ҳар як соли ин даҳсола ба баррасии ҳамаҷониба ва ҳаллу фасли тадриҷии мушкилоти марбут ба об бахшида шавад.

Аз ҷумла, тибқи нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, инчунин, мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан, деҳот бояд ҳал карда шаванд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест.

Дар баробари ин, соли ҷорӣ “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.

Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои расидан ба мақсадҳои зикршуда дар самти мазкур ва ҳамзамон бо ин, ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Таъкид месозам, ки раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бевосита дошта, бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум низ вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад.

Бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда мехоҳам як нуктаро таъкид намоям: ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад.

Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем

Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ

ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.

Аз ин рӯ, мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем.

Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем.

Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст.

Бо вуҷуди ин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва то соли 2021 ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд.

Танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илм, Хадамоти назорат дар соҳаи маориф вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ назоратро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пурзӯр намоянд.

Ҳамзамон бо ин, Вазорати маориф ва илм якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар сохтору мақомоти дахлдор то соли 2020 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгориро пурра ҳаллу фасл намояд.

Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар.

Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем.

Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд.

Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм зарур аст, ки фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро боз ҳам тақвият бахшад.

Илова бар ин, ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд.

Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки мо ин корро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар мекунем, на бо мақсади дигар.

Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем.

Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад.

Илова бар ин, дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.

Бо вуҷуди пешравиҳо, ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасанд.

Аз арзу шикоятҳои сокинони мамлакат ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент бармеояд, ки дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад.

Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.

Соли ҷорӣ бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодааш гузашта ё истеҳсол кардани онҳо дар мамлакат, инчунин, дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуд.

Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор бояд иҷрои талаботи қонунро таъмин карда, дар роҳи содиршавии ин гуна қонуншиканиҳо садди устувор гузоранд.

Ҳоло дар кишвар 149 ҳазор нафар шахсони маъюб, аз ҷумла 15 ҳазор нафар маъюбони гурӯҳи якум, қариб 27 ҳазор нафар маъюбони то 18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд.

Маблағи умумие, ки ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети давлат танҳо ба ятимон пардохта мешавад, беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем.

Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем.

Қобили зикр аст, ки хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.

Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд ва соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд.

Чанде пеш бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо — чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.

Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон — шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем.

Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.

Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.

Вакилони муҳтарам!

Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.

Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд.

Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст.

Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд.

Ин нишондиҳанда соли ҷорӣ аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад.

Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.

Ҳамзамон бо ин, аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.

Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

Бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд.

Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.

Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам.

Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Аз 23 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” чил фоизашон ҷавонони то сисола мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад.

Танҳо соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба маблағи 175 миллион сомонӣ 300 иншооти соҳаи варзиш сохта, ба истифода супорида шуд.

Имсол ин раванди созанда вусъати тоза пайдо карда, 230 иншооти навбунёди варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Шумораи умумии иншооти варзишии дар зарфи даҳ соли охир, яъне солҳои 2008-2018 ба истифода додашуда ба зиёда аз 9300 расидааст.

Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

Ҳозирини арҷманд!

Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд.

Чунин тарзи танзими ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки мақомоти ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро асосан ба идоракунии давлатӣ равона созанд.

Аз ин рӯ, ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла вакилони парламент зарур аст, ки сифати қонунҳои амалкунанда ва ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мутобиқ будани онҳоро мунтазам таҳлил карда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи рӯз мувофиқро таҳия намоянд.

Тавре ки маълум аст, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.

Бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009–2019 зарур мешуморам, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад.

Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад.

Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Бо ин мақсад, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод созанд.

Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам.

Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст.

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» — ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, Агентии назорати маводи нашъаовар, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.

Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.

Муроҷиатҳои сокинони кишвар ба Дастгоҳи иҷроияи Президент нишон медиҳанд, ки фаъолияти баъзе мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст ва шахсони мансабдор ваколатҳои худро тибқи талаботи қонун амалӣ намесозанд.

Аз ин лиҳоз, Прокурори генералиро зарур аст, ки якҷо бо роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро аз ҷониби шахсони мансабдор ва дигар хизматчиёни давлатӣ таъмин карда, ҳар нимсола ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Зарур медонам бори дигар таъкид намоям, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад.

Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд.

Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа тақозо менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, бахусус, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.

Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд.

Таъкид менамоям, ки вазъи сайёра дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад.

Бинобар ин, роҳбарони ҳамаи сохторҳои низомӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бояд ба баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ, садоқат ба халқу Ватан, тарбияи кадрҳо, риояи ойинномаву низомномаҳо, интизоми ҳарбӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва тартиботи ҳуқуқӣ эътибори доимӣ диҳанд.

Садди аввали мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳз сарҳади давлатӣ мебошад.

Дар ин замина, мехоҳам бори дигар хотиррасон намоям, ки ҳифзи сарҳад вазифаи танҳо сарҳадбонон нест.

Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Тайи панҷ соли охир барои ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ 170 иншооти нав сохта шуданд.

Танҳо дар хатти сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки қариб 1400 километрро ташкил медиҳад, зиёда аз 100 иншооти ҳифзи сарҳад ба фаъолият оғоз намуданд.

Суботу оромии ҳамсоякишварамон — Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад.

Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст.

Аз ин рӯ, мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист.

Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд.

Аз ин рӯ, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифату низоъҳо, дар кадом минтақа ё кишваре, ки набошанд, танҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот ҳаллу фасл карда шаванд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ дар асоси усули муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян ва поягузорӣ гардида буд, боқӣ мемонад.

Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло татбиқ шуда истодааст, идомаи мантиқии ин самт буда, ба сатҳи сифатан нав бардоштани робитаҳои байналмилалии кишвари моро дар шароити нави рушди ҷаҳонӣ таъмин менамояд.

Вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳаммияти таҳкиму густариши муносибатҳои байналмилалиро дучанд менамояд.

Бинобар ин, мо ҳамкориҳои фарогирро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ идома дода, ҷиҳати пешбурди самарабахши онҳо пайваста кӯшиш хоҳем кард.

Мо ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳем.

Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана, дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин, рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст.

Хурсандибахш аст, ки баъди ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович дар раванди рушди шарикии гуногунҷанбаи минтақавӣ тамоюлҳои мусбат вусъат гирифта, ғояи он мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб мекунад.

Бори дигар бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо — Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдори кишвар вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои созандаву дарозмуддати Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва дигар шарикони анъанавӣ ҳадафмандона чораҷӯӣ намоянд.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷойгоҳи хосса дорад.

Чунонки зикр намудам, соли ҷорӣ татбиқи амалии ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо доир ба масъалаҳои об – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” оғоз гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об дар ҳамаи сатҳҳо заминаи зарурӣ ва васеъ фароҳам меорад.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш, яъне 20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони “Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви созмон қабул кард.

Ин қатънома ҷараёни баррасии миёнамуҳлати даҳсоларо ба танзим дароварда, баргузории ду чорабинии муҳимми ҷаҳониро пешбинӣ менамояд:

Якум, баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” аз 22 то 24 марти 2023;

Ва дуюм, ҷаласаи сатҳи баланди Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои об дар моҳи марти соли 2021.

Ҳамин тавр, бо иқдоми ҷониби мо мавзӯи захираҳои об дар рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид устувор гардида, бори аввал чорабинии сатҳи баланду фарогири созмон дар масоили захираҳои об баъди зиёда аз чил соли баргузории нахустин Конфронси созмон дар соҳаи об аз ҷониби Дабири кулли он даъват карда мешавад.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳамчун ҷониби ташаббускори масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи глобалӣ бомаром амалӣ гардонидани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи навро мунтазам пайгирӣ кунем.

Ҳамватанони азиз!

Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.

Чунонки дар чандин суханрониҳои худ иброз намудам, кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд.

Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин нерӯҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд.

Ба ин хотир, Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, чун пештара, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд.

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир, камбудиву мушкилоти дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин, дар фаъолияти баъзе зинаҳои идоракунӣ ҷойдошта ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд.

Таъкид месозам, ки танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайяннамудаамон наздик мекунанд.

Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи бартараф кардани ҳамаи мушкилот ва иҷрои ҳама гуна амалҳои нек мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии арзандаи ҳар фарди Ватан шароити мусоид фароҳам меоранд.

Соли 2021 мо ҷашни бузурги 30–солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем.

Мо барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем.

Дар ин марҳалаи барои ояндаи кишварамон сарнавиштсоз ҳар яки мо — аз Роҳбари давлат, аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент сар карда, то роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хизматчиёни давлатӣ вазифадорем, ки як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем: тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад.

Бинобар ин, ҳар яки мо — роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо.

Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.

Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем.

Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Ин аст, муроҷиати ман ба шумо – мардуми азизу шарафманди Тоҷикистон, вакилони мақоми олии қонунгузори мамлакат, аъзои Ҳукумат ва кулли хизматчиёни давлатӣ!

Ба ҳар кадоми шумо, вакилони халқ, ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саодати рӯзгор ва барори кору комёбӣ орзумандам!

Ҳамеша сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Декабрь 26, 2018 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Имрӯз Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Пагоҳ Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон як зумра лоиҳаи қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд