Пешниҳоди хизматрасонии сатҳи байналмилалии сайёҳӣ бо истифода аз фаъолияти волонтёрӣ самараи дилхоҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 05.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 5 декабр Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) таҷлил карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ба тасвиб расид. Аз соли 2013 инҷониб волонтёрон дар баргузории як зумра ҷамъомадҳои сиёсӣ, фарҳангиву фароғатӣ, илмӣ-маърифатӣ, варзишӣ-оммавӣ ва барномаҳои сатҳи байналмилалӣ саҳми худро гузошта, фаъолона ширкат меварзанд. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти навтаъсис дар муддати кӯтоҳи фаъолият аз ҳисоби донишҷӯёни макотиби таҳсилоти миёна ва олии ҷумҳурӣ дар назди Кумита гурӯҳи волонтёрон таъсис дод, ки айни замон шумораи онҳо беш аз 50 нафарро ташкил медиҳад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки бо мақсади рушд додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдоми Пешвои миллат, бешак, ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол такони ҷиддӣ мебахшад.
«Омода намудани мутахассисони болаёқати соҳаи сайёҳӣ барои пешбурди фаъолияти соҳа амри зарурӣ буда, барои мустаҳкам кардани симои ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари сайёҳии байналмилалӣ мусоидат менамояд. Тарбия намудани мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ ва пешниҳоди хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ бо истифода аз фаъолияти волонтёрӣ самараи дилхоҳ медиҳад»,-зикр кард Нуъмон Абдуғаффорзода.
Ба иттилои Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ борҳо вохӯриҳои роҳбарияти Кумита бо устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар баргузор гардид, то ба гурӯҳи волонтёрон донишҷӯёни забондону ҷавонони ташаббускор ҷалб шаванд.
Кумита бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос барои волонтёрон курсҳои омӯзишӣ ташкил намудааст. Дар ин курсҳо онҳо дар бораи соҳаи сайёҳии кишвар маълумоти беҳтару бештар пайдо карда, донишу маҳорат ва истеъдоди худро такмил медиҳанд. Имрӯз волонтёрони Кумита дар чорабиниҳои миллию байналмилалӣ иштирок намуда, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷиро роҳбаладӣ менамоянд.
Ба андешаи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, дар ҷомеаи имрӯза волонтёрон ҳамчун ташаббускору навовар метавонанд бо кору пайкори намунавӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллию суннатӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дӯстию, рафоқат, ору номуси ватандорӣ ва ҳисси меҳанпарастиро дар ниҳоди ҳамсолону ҳамкасбони худ ҷойгир созанд. Муттаҳид ва сарҷамъ будани волонтёрон дар доираи мақсадҳои хайрхоҳона, кумакрасонӣ, ҳамоҳангсозӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилиҳои гуногун, аз ҷумла, иттилоотӣ, экологӣ ва фаҳмондадиҳӣ лоиқи аҳсану дастгирӣ мебошад.
Фаъолияти волонтёрӣ роҳи хайрхоҳонаест, ки ҷавонони хештаншиносу ватанпарварро барои анҷом додани корҳои созанда ва манфиатовар дар ҷомеа ҳидоят менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад, имрӯз аз ин фаъолият бархурдор буда, дар самти мазкур аз тарафи давлату Ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»























САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид






