Профессор Нӯмон Ғаффоров: «Паёми Пешвои миллат дастур ва роҳнамо барои рушди ояндаи давлат аст»
ХУҶАНД, 30.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо сокинони гуногункасби вилояти Суғд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ қабул намуда, онро чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рафъи камбудиҳои кулли соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ арзёбӣ намуда, самтҳои асосии онро сармашқи кори худ қарор медиҳанд.
Доктори илмҳои таърих, профессор, муовини ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Нӯмон Ғаффоров бардошти худро аз Паёми Сарвари давлат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин баён дошт:
-Ҳамасола мардуми ҷумҳурӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бесаброна интизор мешаванд ва ин бесабаб нест. Зеро Паёми солона мазмунан сермуҳтаво буда, фарогири паҳлӯҳои мухталиф — иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёт мебошад ва ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад.
Воқеан ҳам мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавӣ ба зиндагии шоиста доранд. Дар ин замина бо боварии том метавон гуфт, ки Паёми Президенти ҷумҳурӣ ҳамчун дастурамал моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят намуда, ҳамзамон ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагӣ дар ин самт аз мо азму ирода ва ташаббусҳои созанда талаб менамояд. Моро мебояд паи амалишавии иқдомҳои дурбинона, яъне нуктаҳои асосии Паём гардем.
Аз ҷумла, аз ҷониби Пешвои миллат бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, вусъат бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳию фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ солҳои 2019-2021 эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қобили дастгирист. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Аз ин лиҳоз, ба андешаи Сарвари давлат, барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, омода намудани даҳҳою садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумию рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии он як сол басанда нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Аз ҷумла, таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба масъалаи эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки таърихи гузаштаи ҷумҳурӣ ва имрӯзаву ояндаи он қобили омӯзиши бештар мебошад. Тарҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳ намудан ба масъалаи ҳунарҳои мардумӣ ба ин бахши зиндагии мардум такони ҷиддӣ ворид мекунад. Агар ин равандро дар мисоли шаҳри Хуҷанд гирем, имрӯзҳо дар маркази вилояти Суғд якчанд маҳаллаҳо ҳамчун маҳаллаҳои ҳунармандон, аз қабили сандуқсозон, заргарон, гаҳворасозон, кулолгарон, муҳрабофону сабадбофон, читгарону қаннодон маъруфанд. Инчунин омӯзиши ҳунарҳои дигари дастӣ ва меҳнати хонагӣ, чун қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, косибӣ ва ғайра дар марказҳои амалкунандаи ҳунаромӯзӣ низ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.
Дар самти масъалаи рушди сайёҳӣ бо эътимод метавон гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бостоншиносӣ зиёд буда, дар баробари ин шароити мусоиди сарзамини мо аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои баланду зебо, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Дар ин замина баҳри боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳӣ моро зарур аст, ки мавзеъҳои дилписанди мамлакатамонро зиёдтар муаррифӣ намуда, ҳамзамон ҷалби бештари сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба роҳ монда, дар мавзеъҳои сайёҳӣ инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасониро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монем. Дар ин робита, даъвати Пешвои миллат аз мардуми кишвар баҳри меҳнати содиқона кардан давоми се сол барои амалӣ гардидани ҳадафҳои мазкур қобили таваҷҷуҳ аст.
Ҳамзамон дар Паёми солона дастовардҳои соҳаи маориф назаррас арзёбӣ гардиданд. Аз ҷумла, рушд ёфтани ҳамкории донишгоҳҳои кишвар бо донишгоҳҳои хориҷӣ қобили зикр аст. Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳоло бо зиёда аз 50 донишгоҳ ҳамкорӣ дошта, роҳбарият ва устодони донишгоҳ баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим пайваста мекӯшанд.
Аз ҷумла дирӯз зимни баргузории конфронси байналмилалии илмӣ-методӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами илми ҳуқуқшиносии муосир ва роҳҳои ҳалли онҳо: назария ва амалия», ки ду рӯз идома дошт, байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Агентии мустақили аккредитатсия ва баҳогузории Ҷумҳурии Қазоқистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Чунин раванд, яъне ҳамкории донишгоҳҳо минбаъд метавонад ба ҳамкории қавии байни донишҷӯёни Донишгоҳи мо ва донишгоҳҳои хориҷӣ баҳри муаррифии дастовардҳои донишҷӯёни тоҷик, ҳунарҳои мардумӣ, маданият ва таърихи бойи тоҷикон мусоидат намояд.
Бояд зикр кард, ки рушди соҳаи маъриф пайваста дар мадди назари Сарвари давлат қарор дошта, маорифчиёни кишварамон ҳамасола дастгирии ҳукумати ҷумҳуриро ҳис менамоянд. Таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба ин соҳа ва андешидани тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани маош ва нафақаву стипендия дар солҳои минбаъда боиси ифтихор аз давлатдории соҳибистиқлол ва роҳбари ғамхору дурандеш аст.
Мисоли дигаре, ки диққати маро дар Паёми Сарвари давлат бештар ҷалб намуд, он буд, ки Пешвои миллат гарм шудани муносибатҳои дуҷониба бо кишвари дӯсти Ӯзбекистонро таҳаввулоти таърихӣ номиданд. Ба роҳ мондани робитаҳои дӯстӣ, дипломативу иқтисодӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди тарафайн бо кишварҳои ҳамсоя аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, маҳз бо азму пайкори бемисл, иродаи қавии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон вақтҳои охир сатҳу сифати нав касб намуданд.
Заминаҳои устувору боэътимоди қарордодиву ҳуқуқӣ ба густариши ин ҳамкорӣ асос гузоштанд, ки бешак ба ҳамкорӣ ва рафту омади мардуми ду кишвар асоси мусбат гузоштанд.
Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,
АМИТ «Ховар»