Сайру гашт дар ҳавои тоза, истеъмоли хӯроки серғизо, худдорӣ аз ҷойҳои серодам…-тавсияҳои табибон барои пешгирии зуком
ДУШАНБЕ, 05.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Боз зуком шудам. Чӣ кор кунам, ки масунияти худро боло бардорам? Ба ман ягон намуди табобати мардумиро тавсия диҳед», — муроҷиат намудааст ба хонандагони саҳифаи фейсбукии худ Манзура Маҳкамова, собиқ хизматчии давлатӣ, ки айни ҳол соҳибкор дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Барои тавсия додан ба ӯ ва он нафароне, ки мехоҳанд масунияти бадани худро дар ин фасли сармо нигоҳ доранд, мухбири АМИТ «Ховар» бо як гурӯҳ мутахассисони соҳа ҳамсуҳбат гардид.
Бояд гуфт, ки баробари фаро расидани фасли сармо шумораи гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, бемории зуком зиёд мешавад. Дар вақти якбора иваз шудани боду ҳаво масунияти бадани одам паст гардида, шахс гирифтори вирусҳои гуногун мегардад.
Дар ин ҳолат чӣ бояд кард ва чӣ гуна масунияти худро боло бурд, то ягон нафарро заҳролуд накунем? Ба ин саволи мо сардори Раёсати бемориҳои ниҳоят хавфноки Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Табаров чунин посух дод:
«Бо фаро расидани фасли сармо вазъи бемории шадиди роҳҳои нафас ва зуком номуътадил гардида, сатҳи бақайдгирии ин маризиҳо зиёд мегардад. Сабабҳои ба ин гуна бемориҳо дучор шудан ба сардӣ пурра мутобиқ нашудани организми одам ё паст шудани масунияти бадан мебошад, ки ин гуна ҳолат бештар ба кӯдакон ё шахсони калонсол зарари худро мерасонад.
Тавсияи пешгирикунанда аз зуком – ин пеш аз ҳама, риояи реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард кард. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан аст. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт кардан, истеъмоли хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш кард. Қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне шустани даст, худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя кард. Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд.
Мутахассис инчунин зикр кард, ки сарчашмаи вирусҳо шахси бемор аст, чунки ҳангоми атса ё сулфа задани бемор вирусҳо дар ҳаво паҳн шуда, ба одами солим мегузаранд. Аз ин рӯ ҳангоми муошират бо шахси бемор аз ниқобҳои махсус истифода кардан ё ин ки дар масофаи дуртар истодан зарур аст.
Ба гуфтаи М.Табаров, ҳамасола дар ҷумҳурӣ ҳар намуд вирусҳо ба қайд гирифта мешаванд. Барои муайян намудани вирусҳо дар Хадамоти назорати давлатии санитарӣ — эпидемиологӣ ташхисгоҳи вирусологӣ фаъол буда, таҳлилҳои бемории зуком он ҷо гузаронида мешаванд. Ба ин восита муайян карда мешавад, ки дар ҷумҳурӣ кадом намуди вирусҳо гардиш ва бартарӣ доранд.
Инчунин дар як чанд минтақаҳои шаҳри Душанбе ва вилоятҳо дидбонгоҳҳои эпидемиологӣ ташкил шудаанд, ки шаҳрвандон метавон дар онҷо вируси бемории худро муайян намоянд. Зикр гардид, ки ҳамаи ин ташхисҳо ройгон ба роҳ монда шудаанд.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, эҳтимоли воридшавии бемории зуком аз дигар давлатҳо ба Тоҷикистон мавҷуд аст. «Тавре медонем, рафтуомад байни шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва аз он ҷо ба Тоҷикистон зиёд аст. Бинобар ин яке аз роҳҳои интиқоли бемориҳои сироятӣ, махсусан бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар ин мавсим муҳоҷирон мебошанд. Дар баробари ин дар мавсими тирамоҳу зимистон муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан бармегарданд. Дар ин ҳол интиқоли бемориҳо метавонад зиёд гардад»,- зикр намуд М.Табаров.
Ба иттилои М.Табаров, шумораи гирифторони зуком то 1 декабри соли равон 239 ҳолатро ташкил мекунад, ки соли 2017 ин шумора 334 ҳолатро дар бар мегирифт.
Тавре табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрӣ Шоимгул Сабурова зимни суҳбат зикр намуд, вақтҳои охир бештари шаҳрвандон ҳангоми бемор шудан ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин ба оризаҳои нохуш оварда мерасонад.
Ба гуфти табиб, ҳангоми ба зуком мубтало шудан бояд пеш аз ҳама, бо мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат кард. Ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол кард.
«Имрӯз доруҳои гуногун зиёд шудаанду ҳар яки он интихоби фардӣ дорад. Агар як нафар бо ин навъи дору сиҳат шавад, ба нафари дигар он, баръакс, таъсири манфӣ мерасонад. Ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, бистарӣ бошанд. Нишонаҳои зуком дар се рӯз равшан мешаванд. Ҳангоми бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар мегузарад ва метавонад ба илтиҳоби шуш гузарад. Бемор беҳтараш бистарӣ гашта, духтурро ба хона даъват кунад, то омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат 1 фоизи муайяни эҳтимолияти паҳн шудани сироят аз байн бурда мешавад».
Ба гуфтаи мутахассисон, барои худро аз ҳар гуна вирусҳои мавсимӣ эмин доштан бояд тарзи ҳаёти солимро пеша кунем. Ғизои солим ва ба варзиш машғул шудан яке аз вазифаҳои асосиест, ки ҳар як шахс бояд риоя кунад. Саломатии ҳар фард дар дасти худи ӯст.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»