Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ»-и ноҳияи Рӯдакӣ
ДУШАНБЕ, 21.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Россия ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» шинос шуданд.
Дар назди гармхонаи хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳияро тамошо карданд. Дар ин гӯша маҳсули дасти деҳқонони ризқофар ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ», ки роҳбараш соҳибкор Маҳмудҷон Сиддиқов мебошад, бо парвариши помидор дар гармхона шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» 25 нафар аъзо дорад. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 5 гектар замини корами обиро ташкил дода, дар 2 гектари он гармхона бунёд шудааст. Инчунин ҳар сол дар масоҳати 1,5 гектар кишти зироати гуногун гузаронида мешавад. Мақсади аслии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳо бо сабзавоти тару тоза таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе мебошад.
Ба маълумоти хоҷагидорон, айни замон дар майдони 0,25 гектар ҳосили помидор пухта расида, дар масоҳати 0,30 гектар кишт оғоз гардидааст. Дар ҳамаи 12 гармхонаи хоҷагӣ ин шабу рӯз парвариши помидор, кӯчати бодирингу қаланфури булғорӣ ба роҳ монда шудааст.
Соҳибкор Маҳмудҷон Сиддиқов иттилоъ дод, ки гармхонадорӣ бахши сердаромади соҳаи аграрии мамлакат мебошад. Барои мисол, ӯ аз ду ҳосили соли 2018 93 тонна помидор ва бодиринг ба даст овардааст. Нишондоди мазкур 88 тонна дар соли 2016 ва 93 тонна дар соли 2017 помидорро ташкил медод. Тавре маълум гардид, аҳли заҳмати хоҷагии мазкур қариб 10 сол боз ба парвариши помидору бодиринги барвақтӣ ва кӯчати ин навъи зироат машғул мебошанд.
Ҷиҳати гарм кардани гармхона аъзои хоҷагӣ аз ангишт истифода мебаранд ва талабот дар як сол ба ин намуди сӯзишворӣ аз 800 то 1300 тонна мебошад.
Саҳмдорон тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик гармхонаи муосири дигарро дар асоси таҷрибаи кишоварзони Кореяи Ҷанубӣ фаъол созанд.
Ба маълумоти идораи кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ, айни замон дар ноҳия дар масоҳати 12 гектар гармхона амал карда, соли равон дар майдони 32 гектар кишти зери плёнка гузаронида шудааст.
Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» ҳамчунин дорои иншооти ёрирасон ва молхонаҳои мавсимӣ буда, айни замон ба парвариши 30 сар чорвои калони шохдор ва 30 сар моли майда машғул аст. Давоми соли равон ҳамагӣ зиёда аз 100 сар чорвои калон ва 150 сар чорвои майда парвариш карда, зиёда аз 20 тонна гӯшти гов ва беш аз 6 тонна гӯшти гӯсфанд ба фурӯш баровардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзони Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ», ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи асосии таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.









Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуданд






