Шукурҷон Зуҳуров ва Михаил Козлов масъалаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро баррасӣ намуданд

Декабрь 13, 2018 13:20

ДУШАНБЕ, 13.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Михаил Козлов ва ҳамроҳони ӯ мулоқот кард.

Тавре аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот мавзӯъҳои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Россия, баланд бардоштани сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Душанбе ва Москва дар ҳамаи заминаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Зикр шуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳарду мамлакат сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ оварда истодаанд, ки ин ба манфиати мардумони ду ҷониб мебошад.

«Ҳамкории ҳасанаи байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  парлумони Федератсияи Россия аз муносибати хуби сарони ҳарду давлати дӯст сарчашма мегирад. Боздидҳои мутақобилаи Президентҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва сафари намояндагони расмии сатҳи олии ду кишвар ба мамлакатҳои якдигар барои боз ҳам густариш ёфтани ин ҳамкорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардаанд», — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Бояд гуфт, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хосса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст.

Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Ҷонибҳо оид ба масъалаи ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва муҳоҷират таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

 

Декабрь 13, 2018 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ