Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев
ДУШАНБЕ, 28.12.2018/АМИТ «Ховар»/. 28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, сарони ду давлат ба муносибати фарорасии Соли нав табодули табрикоти самимӣ намуданд.
Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, аз ҷараёни рушди муносибатҳои ҳарду давлат дар самти шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сарони давлатҳо зарурати идома додани ҳамкории муштаракро оид ба пешбурди минбаъдаи шарикии созанда ба манфиати умумии ҳарду кишвар ва тамоми минтақа таъкид карданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳои нав, инчунин ба мардуми дӯсти Қазоқистон сулҳ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда таманно намуданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






