Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Декабрь 28, 2018 16:35

ДУШАНБЕ, 28.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат дар фазои дӯстона табодули табрикоти самимии солинавӣ ва таманниёти неки бурдборӣ, сулҳ ва шукуфоӣ барои мардумони тоҷику ӯзбек намуданд.

Сарони давлатҳо суръати баланди рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли сипаришаванда, инчунин зуҳуроти мусбат дар соҳаи шарикии минтақавӣ, ки мутобиқ ба манфиатҳои бунёдии халқҳои тамоми Осиёи Марказӣ мундариҷаи нави  амалиро фаро мегирад, бо қаноатмандӣ зикр намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси шахсии сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар рушди ин равандҳои созанда таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ба идомаи ҳамкории дарозмуҳлати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи самтҳо дар сиғаи шарикии стратегии ҳарду кишвар изҳори итминон намуданд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин як зумра масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи мутақобиларо баррасӣ намуданд.

Декабрь 28, 2018 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон