Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: «Ёрии аввалини тиббӣ дар муассисаҳои соҳа, новобаста аз шакли моликият ройгон буд ва боқӣ мемонад»
ДУШАНБЕ, 03.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Яке аз масъалаҳои доғи рўз, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазоратро ба ташвиш овардааст, ин сатҳу сифати расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона дар муассисаҳои табобатию пешгирии дар шаҳри Душанбе ҷойгирбуда мебошад, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда шуд». Ин нуктаро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дар машварати корие, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббӣ – Шифобахш» баргузор гардид, зикр намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, 1 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода машварати корӣ оид ба масъалаи вазъи расонидани ёрии фаврӣ ва аввалини тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ баргузор гардид. Дар он ёрдамчии вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои вазорат, роҳбарони пажўҳишгоҳҳо, марказҳои миллӣ ва ҷумҳуриявӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои табобатию пешгирии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Насим Олимзода оид ба сатҳу сифати расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона ибрози нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки ёрии аввалини тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад. Аз роҳбарон танҳо талаб карда мешавад, ки вазифаҳои хизматиашонро содиқона иҷро намуда, кумаки беғаразонаи худро ба аҳолӣ расонанд. Аммо, мутаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки сабаби норозигии аҳолӣ ва шаҳрвандон мешаванд, бахусус, шабонгоҳон, ҳол он ки барои расонидани кумаки аввалини тиббӣ тамоми мавод дар муассисаи тиббӣ бояд муҳайё бошанд.
Инчунин Н.Олимзода ба роҳбарони муассисаҳои тиббӣ дастур дод, ки бо беморон ва хешовандони онҳо муомила ва муоширати хуб ба роҳ монанд. Вазир инчунин супориш дод, ки фаъолияти дорухонаҳои шабона низ, ки дар дохили муассиса фаъолият мекунанд, зери назорат гирифта шаванд.
Дар бораи ҳодисаҳои гирифтор шудани шаҳрвандон ба бемориҳои гепатити С, ВНМО дар муассисаҳои тандурустӣ ишора карда, Н. Олимзода иброз намуд, ки Маҷлиси намояндони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид месозад, ки он ҷазоҳои боз ҳам сахттарро нисбат ба табибоне, ки сабаби гирифторшавии беморон ба ин гуна бемориҳо мешаванд, пешбинӣ менамояд.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Вазорат дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ санҷишҳои муштарак гузаронида хоҳанд шуд.
Дар интиҳои ҷаласа бори дигар Вазир Насим Олимзода тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба хизмати софдилона даъват намуда, ба онҳо супориш дод, ки масъалаҳои баррасишударо зери назорати доимӣ ва қатъӣ қарор бидиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад






