ЗЕБИ САҲНА АСТ «ЗЕБО» . Фарҳангшинос Амалхонум Гаҷиева дар бораи як базми идона дар фарҷоми соли 2018

Декабрь 29, 2018 10:49

ДУШАНБЕ, 29.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунари рақс дар таърихи фарҳанги кулли мардумон ҷойи хоса дорад. Он рӯҳ ва сиришт, омоли халқро ифода мекунад. Рақс ҳунарест, ки халқҳои ҷаҳонро муттаҳид менамояд. Бесабаб нест, ки ҳамасола дар атрофу акнофи дунё фестивалҳои ҷаззоб барпо мегарданд. Аз ҷумла, дар кишвари мо низ базмҳои рангоранги рақсӣ бо ширкати ҳаводорони ин ҳунари воло мунтазам доир мешаванд.

Базми идона дар фарҷоми соли равон ба ифтихори фаъолияти эҷодии беш аз нимасраи Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, ситораи тобони олами рақс Зебо Аминзода дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба ин мисол шуда метавонад. Агарчи аз он рӯйдоди хотирмони фарҳангӣ чанд рӯз гузашта бошад ҳам, ман низ чун мухлисони бешумори ҳунари нотакрори устоди шуҳратёри рақс таҳти таассуроти рӯҳафзои он ҳастам.

Саҳми Зебо Аминзода дар рушди ҳунари рақс  басо назаррас аст, ӯ даҳҳо шогирдонро ба камол расонидааст, ки ҳоло кори ӯро идома медиҳанд. Он рӯз аз нахустин рақс таҳти унвони «Боди сабо» бар ғазали Зебуниссо услуби хоси Зебо Аминзода эҳсос мешуд, раққосаҳо ҳаракатҳои сабук ва мавзуни ӯро такрор менамуданд. Онҳо дар саҳна гоҳ хиромидани ғизолонро ба ёд меоварданд, гоҳ болзании қувонро. Сипас, рақсҳои шӯхи ба ваҷдоваранда, амсоли «Занг бизан» бар шеъри Раҳмат Назрӣ намоиш дода шуданд.

Дар рақси «Ария» бар мусиқии Николо Паганини унсурҳои ҳунари рақсии Шарқу Ғарб таҷассум ёфтаанд. Ҳамчунин рақси «Попурӣ» гулдастаест, ки аз фарҳанги ҳам тоҷикон, ҳам озариҳо ва ҳам арабҳову ҳиндуҳо об хӯрдааст. Ҳунарнамоии ансамбли кӯдакон, ки аъзои он аз чор то ҳафт сол доранд, хеле тасхиркунанда буд. Бешак, гули сари сабади консерт  рақси машҳури «Зебо» «Эй санам» гардид.  Кафкӯбии бардавоми тамошобинон далели он буд, ки мардум ҳоло низ ин рақсро дӯст медоранд.

Он лаҳзаҳо ман ба ёд овардам, ки чи сон соли 1993,  замоне, ки садои тиру туфанг баланд мегардид, ансамбли «Зебо» ба Фестивали байналмилалии рақс ба Белгия равона карда шуд.  Ман низ ба ҳайси тарҷумон дар он сафар будам. Агарчи дар он фестивал намояндагони бисёр кишварҳои олам иштирок намуданд, ансамбли «Зебо» беҳтарин эътироф гардид. Ман шоҳиди онам, ки чӣ тавр боре ҳунарпешагони мо дар яке аз кӯчаҳои Брюссел базм оростанд, мардуми бисёре ҷамъ омад. Ман медонам, ки бисёре аз тамошобинон мафтуни ҳунари волои рақс мешуданд ва  шодона аҳсан мегуфтанд. Чунин аст қудрати  ҳунар. Фикр мекунам, ки сафари ҳунарии Зебо Аминзода дар он давра  воқеан қаҳрамонӣ буд.

Соли 2012 Зебо Аминзода дар шаҳри Хуҷанд муассисаи давлатии «Мактаби рақс» -ро ташкил намуд ва ба ҳайси роҳбари бадеӣ ба он сарварӣ намуд. 7 ва 8  марти соли 2014 консерти нахустини дастпарварони ин мактаб доир гардид.

Моҳе баъд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Зебо Аминзодаро ба Душанбе даъват намуданд, то ансамбли «Зебо»-ро барқарор намояд.  Аз ҳисоби ҷавонони соҳибистеъдод дастаи як замон овозадори ҳунарӣ  аз нав ташкил ёфт. Муаррифии ансамбли «Зебо» 21 майи соли 2016 бо иштироки Сарвари давлат сурат гирифт.

Имрӯз ансамбли рақсии «Зебо»  дар барномаҳои гуногуни давлатии фарҳангӣ ҷун пештара ҳунарнамоӣ менамояд. Аминам, ки он ба қуллаҳои боз ҳам баландтари эҷодӣ мерасад. Зеро онро худи Президенти мамлакат дастгирӣ менамоянд ва ба он чунин устоди мумтози рақс, ба мисли Зебо Аминзода роҳбарӣ мекунад.

 

Амалхонум ГАҶИЕВА,
фарҳангшинос

Декабрь 29, 2018 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид