Зевар Раҳмонализода «Ҷавондухтари ҳунарманди сол-2018» эълон гардид

Декабрь 27, 2018 09:45

ДУШАНБЕ, 27.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси дуюми  факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Раҳмонализода сазовори ҷойи аввал дар Озмуни «Ҷавондухтари ҳунарманди сол-2018» гардида, бо   ҷоиза ва «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тақдир карда шуд. Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Душанбе доир  гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 17 октябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ    озмуни «Ҷавондухтари ҳунарманди сол-2018» гузаронида шуд.

 

14 декабри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар он намояндагони 14 муассисаи таҳсилоти олӣ ширкат варзиданд.

Дар озмун инчунин ба муовини ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Аҳмадзода барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи ҷавонон ва фаъолияти самарабахш дар самти корҳои тарбиявӣ  «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Декабрь 27, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд