ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар пойтахти мамлакат зиёда аз 3500 иншооти нави таъйиноти гуногун сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки то соли 2040 марҳила ба марҳила амалӣ мегардад, дар маҳаллаи «Ҳаёти нав» — и ноҳияи Синои пойтахт биноҳои аз 35 – 40- ошёна боло бунёд карда мешаванд. Дар ин бора муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, дар ин мавзеъ бунёди даҳҳо биноҳои бисёр баландошёнаи маъмурӣ дар назар дошта шудааст.
«Аз ҷумла, дар маҳаллаи «Ҳаёти нав» марказҳои муосири таълимӣ, савдо ва хизматрасонӣ, намоишгоҳҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғатии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии шаҳрсозӣ банёд карда мешаванд. Ин биноҳо ба симои пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳусни нав зам мекунанд», — илова намуд Ш. Аловуддинов.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ин биноҳо дар раванди татбиқи марҳилаи аввал ва оғози марҳилаи дуюми Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сохта мешаванд. Татбиқи марҳилаи аввал то соли 2025 ва дуюм то соли 2040 дар назар дошта шудааст.
Зимнан, ҳоло дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи генералӣ ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, симои пойтахти Тоҷикистон рӯз аз рӯз дилрабо гардида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд






