Ҷаласаи «Барқи Тоҷик» оид ба натиҷаҳои истеҳсолию молиявии соҳа дар соли 2018 бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 январи соли 2019 бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба натиҷаҳои истеҳсолию молиявии соҳа дар соли 2018 баргузор гардид.
Зикр гардид, ки соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ширкат 16 млрд. 219,3 млн. кВт. соатро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2017 860,4 млн. кВт. соат зиёд мебошад.
Дар баробари ба кор андохтани иқтидорҳои нав, иваз намудани чархи кории гидроагрегати №9 дар НБО-и “Норак” имкон фароҳам овард, ки иқтидори истеҳсолии он аз 160 МВт ба нишондодҳои лоиҳавиаш- 335 МВт расонида шавад. Инчунин баъди анҷоми корҳои таъмири асосии Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе иқтидори он бо истифода аз гази табиӣ аз 20 МВт ва 50 Гкал/соат ба 120 МВт ва 180 Гкал/соат расонида шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ соли 2018 ба 656,8 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба соли 2017 дар ҳаҷми 228,7 ҳазор Гкал зиёд мебошад.
Новобаста аз он, ки нисбат ба соли қаблӣ сатҳи талафоти неруи барқ ба андозаи 0,6% коҳиш ёфта бошад ҳам, ҳанӯз ҳам дар сатҳи зарурӣ риоя нагардидани қоидаҳои истифодаи неруи барқ аз тарафи муштариён ба назар мерасад. Соли 2018 дар маҷмӯъ 28 118 адад санадҳои вайронкунии қоидаҳо ба маблағи 43,0 млн. сомонӣ тартиб дода шуда, 31,4 млн. сомонӣ ба суратҳисоби Ширкат ворид карда шуд.
Дар соли 2018 ҷамъоварии маблағи неруи барқ аз муштариёни дохили ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2017 ба маблағи 314,5 млн. сомонӣ зиёд шуда, фоизи ҷамъоварии маблағи неруи барқ нисбат ба соли 2017 дар умум ба андозаи 1,3%, аз ҷумла аз аҳолӣ ба 13,8% расонида шуд. Новобаста аз ин дастовардҳо тамоюли болоравии қарзҳои дебитории Ширкат соли 2018 аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ба маблағи 363,6 млн.сомонӣ боқӣ мемонад, аз ҷумла аз ҳисоби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 66,2 млн.сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 25,6 млн.сомонӣ, корхонаҳои Обу корези ҷумҳурӣ 10,1 млн.сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 7,3 млн.сомонӣ, аҳолии ҷумҳурӣ 80,4 млн.сомонӣ. Ба ҳолати 1 январи соли 2019 маблағи қарзи истифодаи неруи барқ ба 2 млрд. 308,1 млн баробар мебошад.
Муовини Сарвазир зикр намуд, ки яке аз омилҳои асосии бартарафсозии афзоиши қарзҳои дебитории Ширкати “Барқи Тоҷик”- ин беҳтар намудани ҳолати техникии системаи энергетикӣ, марҳила ба марҳила гузаштан ба низоми нави баҳисобгирии барқӣ, ҷорӣ намудани системаи биллингии ҳисоби неруи барқ, ҳисоби дурусти тавозуни неруи барқ дар зеристгоҳҳои барқӣ, баланд бардоштани касбияти кормандони соҳа ва коҳиш додани дахолати инсонӣ дар таҷҳизоти баҳисобгирии барқӣ мебошад.
Мониторинги гузаронидашудаи низоми биллингӣ дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 30 млн. доллари ИМА амалӣ шудааст, нишон дод, ки дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд соли 2018 нисбат ба соли 2015 талафоти неруи барқ аз 18,4 фоиз ба 9,6 фоиз расонида шуда, ҷамъоварии маблағ зиёда аз 100 фоиз таъмин шуда истодааст. Инчунин шумораи нозирон ва назоратчиён аз 97 нафар ба 8 нафар коҳиш дода шуд, ки ин омили дахолати инсонӣ ба низоми ҳисоби неруи барқро қариб ки пурра аз байн бурдааст.
Дар ин давра ҳаҷми пардохти андозҳо ба 392,1 млн.сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2017 58,3 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Ширкат пардохти андозҳои ҷориро пурра таъмин намуда, бақияпулиҳои андозро дар ин давра ба маблағи 27,6 млн.сомонӣ кам намуд ва қарздорӣ дар назди Буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо ба 66,7 млн.сомонӣ баробар шуд.
Дар интиҳо муовини Сарвазир махсус таъкид намуд, ки дар доираи талаботи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста афзун намудани иқтидори истеҳсолии неруи барқ кафолати воқеан амалӣ гардонидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат мегардад.








ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати саудии «Аcwa Power» неругоҳҳои офтобӣ сохта мешаванд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад
НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ. Ширкати «Mаsdar» дар Тоҷикистон чунин неругоҳро бо иқтидори 400 мегаватт бунёд менамояд
Лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд






