ҶАВОНОН — ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: такя ба ин қишри фаъол ва серҳаракат далели роҳи давлатсозии муваффақ аст

Январь 3, 2019 15:42

ДУШАНБЕ, 03.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон номида, иброз намуданд, ки «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад». Дар робита ба сиёсати давлатии ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти мамлакат  андешаҳои номзади илмҳои иқтисодӣ,  дотсенти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Ғоибназарзодаро пешниҳоди хонандагон мегардонем:

Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дар умум ба халқи Тоҷикистон манзур гардид,  бахшҳои афзалиятдоштаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ва ҳадафҳои минбаъдаи давлатдорӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва оянданигариҳои амиқро дар бар гирифтааст. Дар ҳамин замина сиёсати давлатии кор бо ҷавонон дар меҳвари имрӯзаи авзои ҷомеа ва фазои кунунии ҷаҳон матраҳ гардида, мақоми баланди иҷтимоию сиёсӣ, маърифативу фарҳангӣ, иқтидори илмию кадрӣ ва ҳарбии ин қишри аксарияту устувори ҷомеа бо изҳори ташаккуру қаноатмандӣ аз ҷониби раҳбарияти олии мамлакат зикр гардид.

Пешвои миллат бо миннатдории самимона нақши арзишманди ҷавононро дар бунёди ҷомеаи имрӯза баён дошта, онро чун қувваи бузурги такондиҳанда дар ҳамаи соҳаҳо арзёбӣ намуданд. Ин эътимоду назари неки Пешвои миллат ҷавононро ба сӯи оянда, фардои дурахшон ва ҳадафҳои наҷибу созандаи давлатдориямон рӯҳбаланду дилгарм месозанд. Дар низоми сиёсии ҷомеа ин ҳолат бозгӯи он аст, ки такя намудан ба ин қишри устувор, тобовар, фаъол ва серҳаракати иҷтимоӣ далели роҳи давлатсозии муваффақи Пешвои муаззами миллат ва халқи шарифи Тоҷикистони азиз мебошад.

Ин итминону боварии раҳбарияти кишвар ҳар яки моро водор месозад, ки аз ҳамарӯза бештар дар ҷодаҳои худ талош ва дар зинаҳои баланди касбӣ саъй намоем. Супоришҳои Паёми навбатиро барои худ масъулияти  бузург дониста, ҳамеша ҷиҳати рушди масоили мубрами ҷомеа кӯшиш намоем.

Мо бояд танҳо бо сухану шиору гап маҳдуд нашуда, бо амали нек ва рафтору дидгоҳи баланди худ исбот кунем, ки воқеан ҳам аз шумораи он ҷавононе ҳастем, ки Ватан бо мо ободу шукуфон мегардад. Фақат завқу салиқаи холис ва талошу эътимоди фардиро дар хештан бояд равнақ диҳем, то Тоҷикистони мо аз пештара ҳам бештар рушд ёбад.

Январь 3, 2019 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон