Аъзои гурӯҳи корӣ ба сокинони шаҳри Норак Паёми Пешвои миллатро шарҳ доданд

Январь 9, 2019 15:01

НОРАК, 09.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва фаъолону сокинони шаҳр доир ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва роҳҳои амалигардонии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатӣ   бармеоянд,  ҷамъомад  баргузор гардид.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб  рафта, дар амал татбиқ намудани он кафолати амнияти кишвар ва рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад. Амалисозии он аз ҳар фарди ватандӯст ҳисси баланди масъулиятшиносӣ талаб менамояд.

Меҳмонон дар доираи сафари корияшон ба шаҳри Норак барои тафсиру таблиғи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар, рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ,  солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, имконияту шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шомил нагардидани  ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, бунёди инфрасохтори мувофиқ ба талаботи муосир ва шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда андешаҳои худро баён намуданд.

Январь 9, 2019 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон