«БА РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ЗАМ ШУДАНИ РУШДИ ДЕҲОТ ХЕЛЕ СОЗГОР ВА САРИВАҚТИСТ». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат

Январь 9, 2019 16:04

ДУШАНБЕ, 09.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Як ҷиҳати хеле ҷолибу нишотбахш ва фарқкунандаи Паёми Президенти Тоҷикистон он аст, ки дар саросари он як ҳадафи асосӣ ҳамеша дурахшону муҷаллост, як мақсади наҷибе, ки ҳама кӯшишҳо, ҳама созандагиҳо, ҳама заҳматҳо ба хотири он аст…», — навиштааст Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО. Матни пурраи ин нигориш дар зер оварда мешавад.

Барои расидан ба армони баланд ва тақдирсози миллӣ халқи некӯманиши моро се омил, се амал, се мақсади ҳадафмандона, ки имрӯз ногузир аст, бояд дар пешорӯ бошад.

Аввалан, пайгирӣ аз армонҳои бузург ва ҳадафҳои баланди миллӣ; дуюм, ягонагиву ваҳдати миллӣ, аз як гиребон сар баровардани аҳолии кишвар; сеюм, сабру таҳаммул, заҳмати фидокоронаву ватандӯстона дар баробари пайгирӣ аз  ҳадафҳои баланди миллӣ. Ва мояи сарфарозиву шодмонии мост, ки дар сиёсати созанда ва ватандӯстонаи Пешвои миллатамон маҳз ҳамин ҳадафҳо аз оғози Истиқлолияти давлатӣ пайгирӣ шудаву натиҷаҳои самаранок додаанд. Зиндагӣ нишон дод, ки замина ва мутаккои боэътимоду самарбахш ва зафаровари халқи мо маҳз дар ҳамин ҳамдиливу ягонагӣ, эътимоду эътиқоду боварӣ ба худ, халқи худ, бунёдкориву созандагӣ бо мақсад ва ҳадафҳои неку баланд аст.

Дар тамоми даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон ҳадафҳои созандаи халқи мо аз Паём то Паём тавассути роҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари давлат, Президенти муҳтарамамон гузошта мешуданду халқи заҳматпарварамон бо рӯҳбаландии ватандӯстона аз пайи иҷрои онҳо мегардид. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то имрӯз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои армонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи ин халқи соҳибтамаддун ва кишвари куҳанбунёд гардидаанд. Ва ҳар сол дар ҳар Паём тозагӣ ва ҳадафмандии қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландтар гузошта мешуданд, ки имрӯз моро ба ин марҳилаи шукуфову ободонӣ ва сатҳи ба кулли дигари зиндагӣ расониданд.

Як ҷиҳати дурахшони ин паёмҳоро мехоҳам махсус зикр кунам, ки хеле муҳим аст ва шояд яке аз омилҳои асосии иҷрои ин паёмҳо ва комёбиҳои кишвар маҳз ҳамин бошад. Ин ҷиҳат ангезаҳои ватандӯстонаест, ки дар ҳар Паём, дар ҳар ҳарфи Пешвои миллат ироа шудаву  моро фаро мегиранд ва ҳаргиз бетарафу бетафриқа намегузоранд. Яъне ин паёмҳо танҳо як даъват, нақша ва роҳнамои муқаррарӣ нестанд, балки ҳарф ба ҳарф дар худ муҳаббату самимияти ватандӯстона  доранд, ки ба онҳо гармиву рӯшанӣ мебахшанд ва  мардумро бо  ҳамин муҳаббат ба созандагӣ илқо мекунанд.

Ҳар боб, ҳар ҷумла ва ҳар нуктаи Паёми имсола метавонад барои суҳбату пажӯҳиши доманадор мавзӯъ диҳад, аммо дар ҷамъбасти соли куҳан нуктаи аз ҳама ҷолиб барои банда дар Паёми мазкур зикр  шудани се дастоварди бузурги миллатамон дар соли сипаришуда, яъне соли 2018 буд, ки метавон онҳоро дастовардҳои таърихии замони Истиқлолияти давлатии кишварамон донист.

Дастоварди аввал, чунонки Пешвои миллат зикр карданд,   расман оғоз гардидани ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар соҳаи об Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” бо иштироки  Пешвои миллатамон дар Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки нуфуз ва обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.

Дастоварди бузурги таърихии дигар, ки армони ҳазоронсолаи миллати  моро амалӣ гардонид, ин ба кор андохта шудани Неругоҳи барқи обии “Роғун”- иншооти тақдирсозест, ки Пешвои миллат онро “ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва қадами устувору бузурги давлати мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ” номиданд.

Дастоварди воқеан дурахшони сеюм, ки низ барои миллати мо бениҳоят муҳим ва арзанда аст, ин дӯстиву бародарӣ, кушода шудани марзҳои ду кишвари ҳамсояву ҳамҷавору бародар — Ӯзбекистону  Тоҷикистон аст. Ончуноне, ки наметавон обҳои ба ҳам омехтаро ҷудо кард, ҳамон гуна наметавон халқҳои тоҷику ӯзбекро аз ҳам ҷудо намуд. Кушода шудани марзҳо, ба ҳам омадани халқҳои ду кишвари бародар хеле ба зудӣ ҳосили файзбору фараҳбахш дод. Хусуматҳо дур шуданд, шубҳаҳо бар бод рафтанд, дилҳо гарм гардиданд, нури бовару умед дар дилҳо ва чеҳраҳо дурахшон шуд. Имрӯз ҳарду кишвар дар симои якдигар шарики боэътимоди стратегии худро мебинанд ва нерубахши ҳамдигаранд.

Бунёди агрегати аввали Неругоҳи  “Роғун”, ки аз ҷиҳати фарогирӣ ва шаҳомат воқеан иншооти аср аст,  он қадар рамзҳои зиёди миллиро дар худ таҷассум намуд, ки на фақат бунёди як неругоҳи барқӣ, балки бунёди маънавии худи мо ва миллати мо ба се ваҷҳ гардид. Аввалан, ин иншоот исботи неру, қувват ва қудрати миллии халқи тамаддунофари мо баъд аз асрҳо шуд. Яъне мо — тоҷикон ҳанӯз пойдорем ва на танҳо пойдорем, балки тавонистаем худро аз нав эҳёи тоза, эҳёи дубора бахшем. Дуюм, миллати некманиши мо, ки ҳанӯз аз замонҳои мозӣ милати ҷӯяндаи нуру равшанист ва ин рӯшноиро дар фарҳангу илму маърифату адабиёташ тӯли ҳазорсолаҳо ҳамеша дурахшон маҳфуз доштааст, имрӯз ҳам бунёдгузори нури воқеист, яъне ба асолати рӯшноигароии худ содиқ мондааст.

Сеюм, бунёди “Роғун” собит сохт, ки миллати тоҷик метавонад дар иҷрои ҳадафҳои баланди миллӣ ба ҳам ояд, аз як гиребон сар барорад ва ҳамчунин нишон дод, ки як армони бузургу баланди миллӣ  метавонад моро ба ваҳдати миллӣ бирасонад. Ин далел моро дилпур мекунад, зеро  миллате, ки ба ягонагӣ расидааст, метавонад алайҳи ҳама буҳронҳо ва мушкилоти зиндагӣ истодагарӣ кунад ва асолаташро нигаҳ дорад. Яъне “Роғун” рамзи пойдории асолат ва муҷассамаи ягонагии миллии мо гардид.

Як ҷиҳати хеле ҷолибу нишотбахш ва фарқкунандаи Паёми Президенти Тоҷикистон он аст, ки дар саросари он як ҳадафи асосӣ ҳамеша дурахшону муҷаллост, як мақсади наҷибе, ки ҳама кӯшишҳо, ҳама созандагиҳо, ҳама заҳматҳо ба хотири он аст ва ин ҳадафи асосӣ инсон аст, яъне некӯаҳволии халқи кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, саломатӣ, фарҳангу маърифат, бехатарӣ, ободиву озодии ӯст.  Ҳам сиёсати дохилӣ, ҳам сиёсати берунии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, тамоми иқдомҳо, ҳаракатҳо, ташаббусҳо ҳамин як ҳадафи олиро пайгирӣ мекунанд. Дар давлатдории Тоҷикистони навин ин иқдом бе замина нест, зеро тамоми таълимоти гузаштагони мо, ғояҳои асоси бузургони илму адабамон, хиради зотии халқамон ҳамеша инсонгароӣ ва башардӯстӣ, сулҳу осоиш ва хайру некӣ будааст. Ва дар ҳавои андешарониҳои чандинсолаи Пешвои миллатамон мо ҳамеша нуру рӯшноии азалии миллатамонро эҳсос мекунем ва дар сақфи дурахшони фаъолияти чандинсолаашон  нонавишта мехонем: гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек.

Ба кор андохта шудани агрегати аввали НБО-и “Роғун” муждаи нахустини расидан ба ҳадафи аввали стратегии кишвар истиқлолияти энергетикӣ буд.  Нуктаи дигари фараҳбахши Паёми нави Президентамон эълони расидан ба ҳадафи дигари стратегии мамлакат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ буд. Ин хушхабар бо кафкӯбиҳои самимона истиқбол гардид, зеро  он пайки фараҳбахши боз як  пирӯзии Истиқлолияти давлатии мо гардид. Яъне кишвари сулҳпарвару башардӯсти мо пайваста ба сӯи пирӯзиҳо равон аст ва ин далели он аст, ки мо насиб бошад, ба мақсадҳои дигари наҷиби миллиамон низ пайваста хоҳем расид. Ва зиндагии осоиштаву бобаракати имрӯзи халқамон гувоҳи он аст, ки мо дар пайи ҳифзи ҳадафи дигари стратегии кишвар- амнияти озуқаворӣ низ устувор қадам мегузорем.

Падидаи дурахшони дигар дар Паёми навини Президент бидуни баҳс эълони ҳадафи нав, ҳадафи чаҳоруми миллии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад, ки низ гарму ҷӯшон истиқбол ёфт ва ин беҳуда нест. Барои Тоҷикистони саросар кӯҳсори мо, ки махзани беҳтарину қиматтарин ганҷҳои табиист, саноатикунонии кишвар, бунёди корхонаҳои мухталифи коркарду истеҳсоли маъданҳои қиматбаҳо паём аз ободиҳову пешрафти дурахшони иқтисодиёти кишвар дорад. Мо аминем, ки бо роҳбарии дурбинонаи Сарвари давлат ин ҳадафи бисёр ҷиддӣ ва муҳими стратегии кишвар низ пайваста амалӣ мегардад. Хусусан, ки бунёди неругоҳи “Роғун” чунин имкониятро муҳайё месозад.

Албатта, хушхабари дигар дар ин Паёми рӯҳафзо эълони соли 2019 ба кор дароварда шудани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” аст, ки ба амалӣ шудани он ҷои шубҳа нест. Мо боварӣ дорем, ки баъд аз он ҳам пирӯзиҳои бунёдгоҳи “Роғун” бо рӯҳбаландӣ идома хоҳанд ёфт.

Як падидаи дурахшони дигар дар Паёми имсола, ки бо кафкӯбиҳои симимона пешвоз гирифта шуд, манъ карда шудани тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ” мебошад, ки барои бехалал фаъолият кардани соҳибкорон имконият фароҳам меорад. Ин хеле муҳим аст, зеро мо солҳои охир шоҳиди саҳми намоён ва ватандӯстонаи бисёре аз соҳибкорон будаем, ки дар корҳои бунёдкорӣ, ободониву шукуфоии кишвар, ташкил ва таъсиси корхонаҳову муассисаҳо, ки ба манфиати кишвар ва ҷомеа мебошанд, неру ва маблағи худро ватандӯстона дареғ надоштаанд.

Падидаи дурахшони дигар дар Паёми имсолаи Президент “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  эълон шудани солҳои 2019 – 2021 мебошад. Ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зам шудани рушди деҳот мантиқан хеле созгор ва саривақтист, зеро ҳам ҳунарҳои мардумӣ ва ҳам сайёҳӣ бе рушди деҳот наметавонанд комёбии пурра ба даст оваранд. Ва ҷиҳати аз ҳама ҷолиб ва муҳими  ин иқдом дар он зоҳир мешавад, ки бад-ин васила дар кӯтоҳтарин муддат деҳоти кишвари мо симои худро дигар намудаву  боз ҳам ободтар ва сатҳи зиндагии мардум дар он шоистатар мегардад. Яъне, чунонки дар Паём омадааст, мақсад: “…беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии  мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.”

Ва бисёр ҷолиб аст, ки ҳамоно   супориш дода шудааст, ки Ҳукумати кишвар ва масъулин дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои “ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд”.

Равшан аст, ки барои комёб шудан дҷиҳати ба даст овардани ҳадафҳои баланди миллии гузошташуда дар замони муосир, дар замони рақобатҳои шадиди иқтисодиву истеҳсолӣ,  пеш аз ҳама, бояд заминаҳои қавии илмӣ дар тамоми соҳаҳо дар кишвар гузошта шаванд. Аз ин рӯ “таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон  ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”.

Воқеан мо шоҳидем, ки аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ Пешвои миллатамон дастгирӣ ва ғамхории аввалро ба соҳаи маорифи мамлакат, ки бе рушди он рушди тамоми соҳаҳои дигар номумкин аст, равона намуда, имрӯз ҳам ин соҳа беш аз ҳама маблағгузорӣ  шудаву дастгирӣ мегардад. Теъдоди зиёди муассисаҳои таълимӣ бо фароҳам овардани беҳтарин шароит ва муҷаҳҳаз сохтан бо имкониятҳои навини таълим ҳамарӯзаву ҳамасола гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Кифоя аст ёдовар шавем, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ бунёди беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ ба нақша гирифта шудааст, ки қисми зиёди он дар деҳоти кишвар амалӣ хоҳанд шуд.

Вобаста ба ин дар Паёми Президент ду мушкили асосии мактаб: норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу  сифати таълим  дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба миён гузошта шудааст.   Хусусан, аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хосса русиву англисӣ дар мактаҳои мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор гирифт.

Дар сиёсати бунёдкоронаву ободгаронаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон ҳамеша пас аз соҳаи маориф соҳаи мавриди таваҷҷуҳ- соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии мардуми кишвар будааст. Пешвои муаззами мамлакат дар  Паёми навини хеш низ  ба “солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”      диққати махсус дода,  таваҷҷуҳи масъулинро ба тавсия ва таҳкими инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона кардаанд.

Дар Паём омадааст, ки ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияҳои мамлакат “Барномаи кафолатҳои давлатӣ  оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ  дар ноҳияҳои таҷрибавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2017 – 9019” ба амал пайваста, ин таҷриба пайваста тамоми кишварро фаро мегирад. Пешвои миллат аз камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи тандурустӣ ошкоро сухан карда, таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба рафъи онҳо равона кардаанд. Хусусан, аз масъалаи расонидани кумаки аввалини тиббӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва аслан сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон Пешвои миллат ба масъулин ҳушдорҳои ҷиддӣ доданд.

Мисли ҳамеша Пешвои ватандӯсти кишвар аҳамияти хосса ба рушди соҳаи фарҳанг зоҳир намуда, ба он ҳамчун ба “таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи  неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида” назари неку шоиста андохтаанд, ки ин бемуҳобо, баҳои баланду арзанда буда, аҳли фарҳанг ва хусусан аҳли қалами мамлакатро рӯҳбаланд намуда. ҳидоятҳои нав мебахшад.

Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллиро  ба таври хосса зикр карданд. Ва суханони  зерини Паём низ рӯҳбаландӣ ба аҳли фарҳангу адаби кишвар мебахшанд:   “Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд”.

Аз ҷониби ЮНЕСКО эътирофи байналмилалӣ ёфтани арзишҳои таърихии маънавӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон низ пирӯзии кишвари мо дар замони Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Мо ҳамагӣ чанд нуктаи ҷиддиро аз Паёми имсолаи Президенти кишвар ёдовар шудем. Суханони раҳнамо, нуктаҳои фарогир, масъалаҳои ҷиддии рӯзгори мардум ва хоҷагии кишвар, ҳадафҳои баланди миллӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷаи кишвар  дар ҳар сатри Паёми Пешвои миллат моро ба ҳал ва иҷрои ҷиддии онҳо ҳидоят мекунанд. Банда аминам, ки мо ҳамарӯза дар фаъолият ва зиндагии худ онҳоро чун ҳамеша раҳнамои рӯзгори нек ва ватандӯстонаамон дар роҳи бунёди боз ҳам қавитари Истиқлолияти кишвар, ободонӣ ва пирӯзиҳои нав ба нав хоҳем кард.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
 ходими адабии АМИТ «Ховар»

Январь 9, 2019 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент